ШАҲРИРУЗ. Дар Сохтори госпиталии ноҳияи Шаҳритуз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Ачилдиев Турдимурод -муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз иштирок дошта, дар назди иштирокдорон доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ кард.
Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат атрофи воқеаву ҳодисаҳое, ки аз ҷониби аъзои ҲНИ, пешгирии ҳамагуна зуҳуроте, ки ба фарҳангу маънавиёти мо бегона аст, корҳои ба анҷом расидонидашудаи Сохтори госпиталӣ дар самти хизматрасонии тиббӣ ба мардум, ҳифзи сиҳатии омма, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи тандурустӣ андешаронӣ карда, онҳоро ҷиҳати дастгирии дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳифзи солимии миллат ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, ки дар ҳар суханрониҳояшон ба соҳаи тандурустӣ диққати махсус зоҳир менамоянд, раҳнамоӣ намуд.