БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ –ҳизби роҳкушои халқ

БАЛҶУВОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳиди Бобохон”-и ҷамоати деҳоти Тоҷикистон аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассиса ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия бо сокинони деҳа доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Муродова Марҷона иштирок дошта, дар бораи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалигардии ҳадафҳои стратегӣ, ба мардум расидани ҳадафҳои некбинонаи таъмини истиқлолияти энергетикӣ  ҳафр зада,  қайд кард, ки  имрӯзҳо дар ноҳияи Балҷувон омодагиҳо барои сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сохтани биноҳои хуштарҳу замонавӣ, роҳу пулҳо, нарму кабудизоркунии назди биноҳо, деҳаву маҳаллаҳои ноҳия ва   дигар ишоотҳои ҷашнӣ дар сатҳи баланд рафта истодааст. Бинобар ин ҳар як сокини ноҳияро зарур аст, ки дар корҳои бунёдкориву созандагӣ саҳм гузошта, баҳри  боз ҳам ободтарушукуфон гаштани Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузоранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg