Activities calendar

05 October 2018

ДУРАХШИ СИТОРАИ БАХТ. Эҳдо ба Пешвои миллат, ки ба мамлакат сулҳу оромӣ ва ба мардуми он бахту саодат овард

Инсоният ҳамеша ба наҷотбахше ниёз ва ба муъҷизае бовар дорад. Чашм ба роҳи наҷотбахши муъҷизаофаре ҳаст, ки ӯро аз фалокати ба сари худаш оварда наҷот диҳад.  Дар миёни мардуми олам миллати ҷафокашидаи тоҷик низ истисно нест.

Коррупсия -падидаи хатарзо ба рушди устувори давлат!

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вохӯрии навбатӣ миёни аъзои ташкилоти ибтидоии «Раёсати молия» перомуни самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вобаста ба мавзӯъи «Чораандешӣ ҷиҳати дар миёни аҳолӣ ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат бо коррупсия ҳамчун омили хатарнок” бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

Сафи ҲХДТ рӯ ба афзоиш дорад

ҲАМАДОНӢ.  Дар маҷлисгоҳи беморхонаи марказии ноҳия вохӯрии раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия  Давлатҷон  Ғаффорзода бо кормандони соҳаи тандурустӣ, ки қисми бештари сафи ҲХДТ-ро  ин соҳаи афзалиятнок ташкил медиҳад,  баргузор гардид.

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи баланд доир гардид

ТЕМУРМАЛИК. Вохӯрии навбатии кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо сокинони деҳаи Давади ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳимов баргузор гардид.   

Аксияи ҳизбии «Якҷоя хал мекунем!» дар маҳал идома дорад

ПАНҶ. Чорабинии фарҳангӣ- сиёсӣ бо аъзо ва ҷонидборони ташкилоти ибтидоии “16-солагии Истиқлолият”-и ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов таҳти шиори «Мо якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.

Фаъолияти ҳизбиён дар давоми 9 моҳи соли равон қаноабтахш ҳисобида шуд

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи нишондоди Оиннома ҲХДТ маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё баргузор гардид.

Ҷавонон ояндаи давлату миллатанд

НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо, ки дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии  Тоҷикистон дар шаҳри Норак дар ташкилоти  ибтидоии «Ояндасоз» хониши сиёсӣ доир гардид. 

Самаранок истифода бурдани заминҳои кишт ба манфиати мардум аст

МӮЪМИНОБОД. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар асоси ҷадвали тасдиқнамуда бо кормандони Кумитаи замини ноҳияи  Мӯъминобод хониши сиёсӣ доир гардид.  

Корҳои сохтмони бинои ҳизбӣ дар Кӯлоб бо маром идома дорад

КӮЛОБ. Дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар рафти Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ санаи

ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ. Эъто ба зодрӯзи мубораки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Маҷрои зиндагӣ ҳамвора равон аст, вале даргузар осоре аз худ мемонад… Аз умқи қарнҳо байти зебои Одамушшуаро, поягузори адабиёти ҳазорсолаи тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чун панд ва ҳушдор ба гӯш мерасад:

Фарҳанги миллӣ муаррифгари миллат аст

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Қаблаи  ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назарови  ноҳия чорабинии фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Зани тоҷик эҳёкунандаи ҳунарҳои миллӣ мебошад

ЁВОН. Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори дигар мавқе ва манзалати зан- модари тоҷик баланд бардошта шуда, имсол бонувони ҳунарманди Тоҷикистон шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод ва сулҳу суботи ҷовидона намуда, ҳунарҳои мардумии хешро тақвият бахшида истодаанд.

Илму дониш ва сарватҳои зеҳнӣ нерӯи тавоно баро рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад

ДӮСТӢ.  Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ аз тарафи кормандони масъули ҳизб дар байни устодону касбомӯзони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ОКТ-25»  хониши сиёсӣ доир гардид.

Намомиши ҳунарҳои мардумӣ бо шаклу услуби тоза дар маҳал

КӮЛОБ. Бо сокинон ва фаъолони маҳаллаи Ҳилоли Аҳмар вобаста ба нақшаи корӣ  намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир шуд.

 Дар ин намоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ифротгароӣ ва терроризм падидаҳои номатлуби ҷомеа

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Алиҷони ҷамоати деҳоти Пушинг хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Яке аз мақсадҳои мо ҳизбиён саҳм гузоштан дар рушду нумуи ҳамаи соҳаҳои кишвари маҳбубамон мебошад

ВОСЕЪ. Дар ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза ва сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Давлаталӣ Қурбоналӣ бо кормандони ҷамоати мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ

Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи нақша-чорабиниҳо бо сокинони маҳаллаи Хлобкароби ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пахтакор” намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳудуди маҳаллаи мазкур Бузмаков Шералӣ  доир карда шуд.

Татбиқи Аксияи ҳизбӣ мушкилоти сокинонро осон карда истодааст

БАЛҶУВОН. Дар доираи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар деҳаҳои Некмардон ва Чашмасанги Болои ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо сокинони деҳа вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҳунарҳои мардумӣ бо рангу нигори тоза эҳё гашта истодаанд

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи татбиқи босифати бандҳои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант барои нимсолаи дуюми соли 2018, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Парафшон» намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба эълон гардидани Соли тақвияти робита бо маҳал ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки сокинон баргузор гардид.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тамоми ҳунармандони мамлакатро рӯҳбаланд намуд

КӮЛОБ. Дар маҳаллаи “Роҳи оҳан” бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби сокинон ва ҳунармандони маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Ободӣ ва сарсабзии Тоҷикистон-мароми мост!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳия дар деҳаи Оличадараи ҷамоати деҳоти Пушинг хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо мебошад, самимона табрик мегӯям.

Иқдомҳои созандаи Пешвои миллат ба хотири пешрафти рӯзгори мардум аст

Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи Наврӯзи ҷамоати деҳоти Навобод бо сокинони маҳалла доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чораби

Сокинон аз сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат миннатдоранд

БАЛҶУВОН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон  дар ташкилоти ибтидоии деҳаҳои Салимӣ ва Маҷитии ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал  вохӯрӣ баргузор намуданд.

ТАБРИКОТИ Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” кулли ҷавонони сарбаланду баномуси кишварро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ – забони ширини тоҷикӣ, ки бо шири модар ба ҷисму ҷони мо ворид шуда, миёни ҷаҳониён муайянкунандаи ҳуввияту асолатии миллии мо гаштааст, табрику муборакбод мегӯяд.

ТАБРИКОТИ Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тамоми сокинони вилояти Хатлонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ – забони тоҷикиамон, ки дар тӯли садсолаҳо мавҷудият ва абадияти миллати тоҷикро дар рӯи замин таъмин сохт,  табрику муборакбод мегӯяд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg