БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи Аксияи ҳизбӣ мушкилоти сокинонро осон карда истодааст

БАЛҶУВОН. Дар доираи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар деҳаҳои Некмардон ва Чашмасанги Болои ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо сокинони деҳа вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин дар назди ҷамъомадагон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки дар партави аксияи мазкур аъзои фаъоли ҲХДТ Қодиров Зафар 1 адад компютеру принтер ва Абдуллоев Мирзо соҳибкор ба маблағи 500 сомонӣ ба муассисаи таълимии деҳа кӯмак намуда, иқдом гирифтанд, ки дар оянда чунин ташаббусҳои ватандӯстонаро баҳри ободии диёри хеш идома медиҳанд.

Ҳамчунин, сокинони деҳа Аксияи ҳизбиро дар амал татбиқ намуда, 3,5 км роҳи байни деҳаҳои Некмардон ва Чашмасангро сангфарш намуданд.

Чунин иқдомҳои неку ватандӯстона дар партави Аксияи ҳизбӣ бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон бомаром идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg