![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/viber%20image_2.jpg?itok=wPi87tp8)
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Оличадараи ҷамоати деҳоти Пушинг хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмуҳаммад иштирок намуда оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, анҷоми корҳои ободониву созандагӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, риояи қонунҳои миллӣ, тарбияи ватандӯстиву касбу ҳунаромӯзӣ ва пойдории оилаҳои ҷавон суханронӣ намуданд.
Зимнан зикр карда шуд, ки ободӣ ва сарсабзии Тоҷикистон ин мароми аввалиндараҷаи мост.
Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки саъю кӯшиши худро ба ободонии Ватани азизамон равона намоем ва бо дастовардҳои назррас сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.