БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Намомиши ҳунарҳои мардумӣ бо шаклу услуби тоза дар маҳал

КӮЛОБ. Бо сокинон ва фаъолони маҳаллаи Ҳилоли Аҳмар вобаста ба нақшаи корӣ  намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир шуд.

 Дар ин намоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Валиева Саъбагул қайд кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё гардонидани ҳунарҳои мардумӣ, дар ин замина зиёд намудани рафту омади сайёҳон, таваҷҷуҳи онҳо ба ҳунарҳои қадимаи тоҷикон зиёд намудан, ташкили ҷойҳои кории нав ва ба ин восита баланд бардоштани некӯаҳволии  мардум соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд.

Сокинон низ иброз доштанд, ки барои дар амал татбиқ намудани иқдомҳои неки Пешвои миллат саҳми худро мегузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg