БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ. Эъто ба зодрӯзи мубораки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Маҷрои зиндагӣ ҳамвора равон аст, вале даргузар осоре аз худ мемонад… Аз умқи қарнҳо байти зебои Одамушшуаро, поягузори адабиёти ҳазорсолаи тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чун панд ва ҳушдор ба гӯш мерасад:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Барои дарки фарох ва комили он, ки роҳи пешгирифтаи ин ё он фард ё миллат то чӣ андоза пойдор ва рост аст, аз манфиат холӣ нест, ки кас ба гузаштаи хеш назар афканад, то сабақ омӯзаду дар таҳияи дурнамо ба саҳву хатоҳо роҳ надиҳад. Таърих, чунон ки маълум аст, фақат сабақомӯз нест, вай онҳоеро, ки қонуниятҳояшро сарфи назар мекунанд, ба ҷазо мерасонад.

Бани  одам борҳо яқин карда, ки соҳибистеъдодони бузург ҳамеша дар он ҷое зуҳур мекунанд, ки барои пайдоиш ва нумӯи онҳо заминаи мусоиди иҷтимоӣ вуҷуд дошта бошад. Борҳо чунин шудааст, ки гоҳи таҳаввулоти ҷиддии таърих, дар вақти рӯйдодҳои мураккаб шахсоне ба майдон меоянд, ки қаблан маъруфияти зиёд надоштанд, вале дар рафти ҳодисот гуё ба як бор арбоби намоёни сиёсӣ мегардан

Дарвоқеъ, агар кулли мардум дар оташи кину адоват нисбат ба яғмогарони муғул намесӯхтанду даст ба муборизаи озодихоҳона намезаданд, оё Темурмалик ба пояи сарлашкари бузурги халқи тоҷик мерасид ва номи хешро зиндаю ҷовид месохт? Ва ё агар инқилоби бузурги Франсия ба амал намеомад, оё адвокати музофотӣ Максимилиан Робеспер ба шӯҳрати ҷаҳонӣ соҳиб мешуд?

Баъд аз пош хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ Тоҷикистон дар ҷодаи тараққиёти мустақил қадам ниҳод, вале дафъатан гирифтори тӯфони ҳаводиси замон гардид. Ва ин айёми пурпечутоб ба арсаи сиёсӣ як зумра ходимони то он вақт ноозмуда ва начандон машҳур, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмонро ба майдон овард, ки ӯ рамзи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид. Эмомалӣ Раҳмони дар хориҷи кишвар ҳанӯз ношинос, аввали солҳои 90-ум дар сиёсати дохилии кишвар ва сипас дар муносибатҳои байналмилалӣ мақоми баланд пайдо карданд.

Ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд (дар ҳоли идомаи ҷанги шаҳрвандӣ барпо кардани он дар пойтахти ҷумҳурӣ илоҷ надошт) Эмомалӣ Раҳмон баъд аз он, ки дар ин ҷо ӯро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд, ба таври мӯъҷаз, аммо хеле возеҳ барномаи сиёсии худро иброз доштанд: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам».

Шаҳрвандони Тоҷикистон баъд аз он на як бору ду бор яқин карданд, ки ӯ ин суханонро на барои изҳори фазл ва ба худ кашидани таваҷҷуҳи доираҳои баланди сиёсӣ гуфтааст.

Барои мисол кофист ёдовар шавем, ки охири соли 1996 дар арафаи ба имзорасии Созишномаи умумӣ оид ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, вақте ки зарурат пеш омада буд, Президент Эмомалӣ Раҳмон барои вохӯрӣ бо роҳбари мухолифини яроқнок бе ҳеҷ дудилагӣ ба яке аз нуқтаҳои доғи Афғонистон — Хосдеҳ парвоз намуданд. Бе чуну чаро, ин амал аз Президент ба ғайр аз нияти ҷазм дар роҳи истиқрори сулҳ ҷасорату мардонагии беназири шахсӣ низ тақозо мекард.

Шахсияти Президент Эмомалӣ Раҳмон, қисмати ӯ аз бисёр ҷиҳат беҳамто ва нотакрор аст. Вале ҳамзамон худи айёме, ки мо ба сар мебарем, низ ба худ назир надорад ва пур аз ҳаводиси ногаҳонист. Оё касе тасаввур карда метавонист, ки дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳатто баъд аз оғози бозсозии шӯравӣ истеҳкоми фатҳнопазири сотсиализми тоталитарӣ (ҳамаро фарогиранда) маҳсуб мешуданд, тартибот шикаст мехӯраду ҳизби коммунист бо усулҳои номенклатурии тақсими вазифаҳо мавқеи худро аз даст медиҳад.

Мартабаи баланди сиёсӣ, ки барои Эмомалӣ Раҳмон аз қазову қадар арзонӣ шудааст, барои чунин хулосаи ҷасурона асос буда метавонад: касе аз модар президент таваллуд намешавад, президентон дар рафти муборизаҳои тезу тунди сиёсӣ арзи ҳастӣ мекунанд. Бо мурури замон ҳатто ашаддитарин мухолифони Эмомалӣ Раҳмон, ки сарнагуншавии бармаҳали ӯро пешгӯӣ менамуданд, лоҷарам иқрор хоҳанд кард: Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар худ як ҷасорати сиёсӣ пайдо кард, то дар айёми мубҳам ва печ дар печ сарварии кишварро ба уҳда гирад, чун сиёсатмадори дурандеш ташаккул ёфту ба таври назаррас касби камол кард ва соҳиби фазилатҳои хоси сарварони миқёси ҷаҳонӣ гардид, ки ин таҷассуми пурбардоштӣ ва хиради халқ аст. Яке аз рӯзномаҳои оппозитсионӣ, ки дар хориҷи кишвар интишор мешавад, дар замони худ навишта буд: «Агар гап сари масъалаҳои дуюминдараҷа равад, Эмомалӣ Раҳмон гузашт карда метавонад, вале чун кор ба вазифаҳои ҳаётан муҳим оид гардад, ӯ чун кӯҳ пойдору маҳкам аст».

Вақте ки ин навиштаҷотро манзури Эмомалӣ Раҳмон гардонданд,  бо лабханд гуфтанд: — Аҷаб не, шояд ҳамин тавр ҳам бошад… Фаромӯш накунед, ман дар Флоти ҳарбии баҳрӣ хизмат кардаам. Се соли расо, аз соли 1971 то 1974 дар киштии ҷангӣ арзу тӯли Баҳри Сиёҳ ва Уқёнуси Оромро чен кардам. Хулласи калом, ҳар кас, ки ба баҳри кушод баромада бошад, хуб медонад: агар лангар ба об андохта шавад, ҳеҷ шамоле киштиро бурда наметавонад. Ман ҳам як чунин лангаре дорам, ки ба ҳеҷ ваҷҳ аз он канда шуда наметавонам: он ҳисси масъулият аст дар пеши мардуми Тоҷикистон, ки маро Президенти худ интихоб намудааст.

Ин андешаҳо Президентро дар лаҳзаҳои ҳассостарини ҳаёташ низ тарк намекунанд. Чунончи, ҳангоми амали террористӣ дар маркази вилояти Суғд, воқеъ дар шимоли ҷумҳурӣ, ки сӯиқасд ба Роҳбари давлат буд, фаъолияташ бо яке аз давраҳои мураккабтарини таърихи халқаш зич марбут аст. Аввалин ҳарфи Президент, ки тасодуфан ҷон ба саломат бурд, дар он лаҳза ин буд: «Халқ гуноҳ надорад… Ин кори қотилони зархарид аст».

Он лаҳза чунин суханонро фақат касе бар забон оварда метавонист, ки барояш манфиатҳои олии мамлакат ва осоиштагии мардум аз ҳама чиз волост, касе ки беш аз дигарон воқиф аст, ки муқобилгузорӣ ва ҷудоиандозӣ дар миёни мардуми маҳалҳои гуногун чӣ хавфу хатаре дорад. Дар замони худ маҳз мавқеъҳои якдигарро ба куллӣ истиснокунандаи тарафҳои муқобил, ки дар он байн тоифаҳои маҳалгаро нуфузи хосса доштанд, ҷомеаро тақсим карданд ва сабаби  ҷанги бародаркуш шуданд.

Агар хоҳӣ, ки шоирро то ба охир кашф намоӣ, ба ватанаш рав, навиштааст Ҳёте. Барои шинохти ҳарчӣ бештари Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадор ва инсон низ мебояд ба замон ва маконе, ки маншаи зиндагӣ ва  кору аъмоли ӯст, чашм андозем.

…Тоҷикон ба яке аз шохаҳои қадимтарини оилаи халқҳои ориёӣ мутааллиқ ҳастанд, ки ҳазорсолаҳо дар воҳаҳои ҳосилхези Осиёи Марказӣ, дар сари Роҳи абрешим зиндагонӣ мекарданд, вале аз қазову қадар борҳо дар миёни оташи ҷангҳои офатбор низ афтода буданд. Марзу буми Осиёи Марказӣ, ки дар он ва даштҳои ҳамҷавораш аз қадимулайём халқҳои эронитабори забону урфу одатҳояшон ба ҳам наздик маскан доштанд, аз хуни рехтаи истилогарон ва «наҷотдиҳандагон»-и бешумори аҷнабӣ лолагун гардида буд. Дар баробари ин, аз ҳамон давраҳо заминаи маънавии ин куҳандиёр ба меъодгоҳи таърихӣ ва пурғановати тамаддуни Шарқ ва Ғарб табдил ёфт. Аз паси пардаи дуду оташ, ки майдонҳои ҳарбу зарбро фаро гирифта буданд, табодули байналмилалии фарҳангӣ ҷараён дошт.

…Алҳақ, садаи даҳум барои миллати мо асри тиллоӣ маҳсуб мегашт. Барои мо, тоҷикон аҳамияти фарҳангиву таърихии он давра ба андозаест, ки асри понздаҳум барои итолиёиҳо, шонздаҳум барои англисҳо, ҳабдаҳум барои франсавиҳо, ҳаждаҳум барои олмониҳо, нуздаҳум — барои русҳо ва бистум, эҳтимол аз рӯи бисёр нишонаҳо — барои амрикоиён дорад. Тазаккури фақат ҳамин чиз кофист, ки худи ғояи гуманизм (одамият) аз муҳити фарҳангиву таърихии Аҷам, сарзамини аҷдодии мо бархостааст.

Ягон тасодуф нест, ки баъд аз он, ки истиқрори сулҳ ба даст омаду раванди дигари боз ҳам душвору мадид – мустаҳкамкунии давлатдории миллӣ ва ба ҳайси як воҳиди мустақил батадриҷ пайвастани кишвар ба ҷомеаи кунунии ҷаҳонӣ шурӯъ шуд, Президент Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи зиёиёни тоҷикро дар роҳи худогоҳии давлатдории миллӣ ба асри даҳ – замони шукуфоии давлати Сомониён кашид.

Маҳз дар ҳамин давра шакл гирифтани давлатдории халқи тоҷик, принсипи ҳамзистии осоишта ва ҳамсоягии нек рукни асосии сиёсати давлатӣ гашт, ки ба рӯҳу анъаноти мардуми сулҳпарвари фарҳангдӯст ва барои табодул ҳамеша омода пурра ҷавобгӯ буд.

Аз таҷрибаи таърихии халқи тоҷик, ки борҳо аз тарафи истилогарони аҷнабӣ ранҷу озор дидааст, вале ҳаргиз ба рисолати миллии худ хиёнат накардааст, сабақҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек бармеоянд. Тоҷиконро ба ин чиз, қабл аз ҳама, мероси ғании маънавӣ, фарҳанг, муттасилии анъанаҳо ҳидоят менамояд. Онҳо ҳаргиз шаъну шараф ва ифтихори миллии худро доғдор накардаанд.

Туркҳо дар асри XI кӯшиши зиёд ба харҷ доданд, то ки давлати тоҷиконро ба худ мутеъ созанд, аммо дар айни замон принсипҳои идораи давлат, анъанаҳо ва расму оини тоҷиконро пурра қабул намуданд, забони давлатӣ низ ҳамоно тоҷикӣ буд. Ба қавли шарқшиноси шинохтаи венгерӣ Герман Вамбери, тоҷикон баъд аз гирифтории асорат низ нисбат ба истилогарони худ мақоми мутамаддинсозиро ишғол менамуданд.

Ғояи ҷашнгирии 1100-солагии давлати Сомониён соли 1999 аз ибтидо барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ равона шудааст ва ягон даъвои дигаре дар Осиёи Марказӣ надорад. Беҳуда нест, ки ҳангоми матраҳи ин ғоя дар вохӯриҳо бо зиёиён, занон, ҷавонон ва ғайра Президент Эмомалӣ Раҳмон гаштаю баргашта таъкид мекунад, ки ҷуғрофияи сиёсии гузашта ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба воқеияти ҳаёти кунунӣ таъсир расонад.

Баъди муваффақ шудан ба истиқлолияти давлатӣ, вақте ки имкони ташаккули шаклҳои нави идоракунии сиёсӣ ва иқтисодӣ даст дод, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президент бо мамониатҳои зиёди объективӣ рӯ ба рӯ шуд, ки хоси давраи гузариш аз ҷомеаи тоталитарӣ ба демократӣ мебошанд ва ҳар касе, ки дар худ ҷасорат пайдо кардаву зимоми киштии раҳнаёфтаро ба даст мегирад, бояд онҳоро аз сари роҳи худ дур кунад.

Ҳоҷати гап ҳам нест, ки ба Эмомалӣ Раҳмони аз бозиҳои сиёсӣ бохабар ҳангоми ба сари қудрат омадану ба гирдоби муборизаҳои сиёсӣ ворид шуданашон чӣ мероси гароне монда буд. Вазъияти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ аз касофати буҳрони шадиди давлат боз ҳам мураккаб гардида, сохторҳои конститутсионӣ қариб, ки амал намекарданд, ҳокимият фалаҷ гашта буд.

Барои ин давраи мубҳам ҳамчунин авҷ гирифтани фаъолияти унсурҳои ҷинояткор ва дар ҳоле, ки мухолифони Эмомалӣ Раҳмон шикасти ӯро нигарон буданд, талоши сиёсатмадорони худхоҳ барои ҳокимият хос буд.

Вале пешгӯиҳои сиёсатмадорони кӯтоҳназар пуч баромаданд, зеро онҳо як чизи муҳимро сарфи назар карданд: Эмомалӣ Раҳмонро халқ дастгирӣ мекунад, халқе, ки вай аз байни он баромадааст. Ин чиз алалхусус дар вақти интихоботи Президент, ки аксари кулли овозҳоро гирифта буданд, хеле возеҳу равшан аён гардид. Дар Анҷумани тоҷикони ҷаҳон дар шаҳри Душанбе (дар панҷ сол чунин анҷуман се маротиба барпо шуд), аз ҷониби як нафар меҳмони хориҷӣ сухане рафт, ки аҳли толор бо мавҷи қарсак истиқбол намуданд. Он сухан ин буд: «Эмомалӣ Раҳмон — Президенти ҳамаи тоҷикони ҷаҳон аст».

Вақт бо шасту ҷадал пеш меравад, аммо роҳу равише, ки Конститутсия муқаррар намудааст, бетағйир мемонад. Тоҷикистон бо роҳи бунёди давлати демократӣ, ки ба иқтисоди бозаргонии тавъам бо адолати иҷтимоӣ асос ёфтааст, устуворона пеш меравад.

Ислоҳоти куллии иқтисодӣ ривоҷ ёфта, муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии халқро фаро гирифтааст. Хусусигардонии моликияти давлатӣ бо муваффақият идома дорад. Шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ пайдо шуданд.

Сарзамини Тоҷикистон аз канданиҳои фоиданок ниҳоят ғанӣ мебошад. Дар натиҷаи тадқиқи мунтазами геологии ҳудуди ҷумҳурӣ захираҳои фаровони маводи сӯзишворӣ ва конҳои сангҳои қиматбаҳо, маводи сохтмонӣ, фулузоти ранга ва нодир кашф гардидаанд. Ҳоли ҳозир бештар аз 400 кони канданиҳои фоиданок кашф шуда, тақрибан 100-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, ки аз онҳо 40 навъи маводи конӣ ва сӯзишворӣ истихроҷ мешавад. Аз ҷиҳати захираи мис, нуқра, тилло, қӯрғошим, руҳ, висмут, стронсий, сурма, волфрам, гази табиӣ, ангиштсанг, обҳои минералӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Ҳамчунин захираҳои бузурги намак ва сангҳои қиматбаҳо мавҷуданд.

Канданиҳои фоиданоки мамлакат ганҷи бебаҳоянд, аммо фақат истифодаи оқилона, пурсамар ва сарфакоронаи онҳо, чунонки Эмомалӣ Раҳмон мудом таъкид менамоянд, заминаи ободонии кишвар шуда метавонад. Муҳити мувофиқ, ки тайи солҳои охир ба вуҷуд оварда шудааст, ба маблағгузориҳои хориҷӣ дар кори азхудкунии васеи канданиҳои фоиданоки кишвар мусоидат хоҳад кард. Боиси қаноатмандист, ки дар муддати кӯтоҳ беш аз 240 корхонаи гуногуни муштарак арзи вуҷуд намуданд. Онҳо асосан бо дастгирии ширкатҳои хориҷӣ пайдо шуданд. Чунончи корхонаи муштараки британиягиву тоҷикии «Зарафшон» барои истеҳсоли даҳ тонна тилло пешбинӣ шудааст. Корхонаи амрикоиву тоҷикӣ, ки ба истеҳсоли молҳои чармин махсус гардонида шудааст, ҳамчунин фабрикаи кешбофии Кореяи Ҷанубиву тоҷикии «Кабоол Тоҷиктекстайлз» ва ғайра низ ба ин мисол шуда метавонанд.

Мувофиқи Барномаи дигаргунсозиҳои иқтисодӣ то солҳои наздиктарин кишвар бояд дар соҳаи муҳим — хоҷагии кишлоқ ва энергетика соҳибистиқлол гардад.

Ба деҳқонон тақсим карда додани 75 ҳазор гектар замин (дар мамлакате, ки 93 фоизи қаламраваш аз кӯҳ иборат аст, ин иқдом воқеъан инқилоб буд) низ аҳамияти бузург дорад, зеро баъд аз ин истеҳсоли ғалла ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ чандин карат афзуд. Ин таҷриба собит менамояд, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ ва оқибатҳои он, тақсими замин ба деҳқонон барои боздоштани пастравии истеҳсолот, авҷ гирифтани ташаббускорӣ аз поён нақши муҳим гузошта метавонад.

Пешравии босуръати минбаъдаи ҷумҳурӣ бе тараққиёти энергетика амри маҳол аст. Маҳз барои ҳамин Президент ташаббускори тезонидани бунёди истгоҳи барқи обии Сангтӯда дар рӯди Вахш гардиданд, ки барои тараққиёти Тоҷикистон уфуқҳои тоза мекушояд ва ҳоло неруи арзони он бар манфиати кишвар истифода  мешавад.

Арзи вуҷуд намудани аҳзобу ҳаракатҳои нави сиёсӣ, миқдори зиёди ташкилоти ғайридавлатӣ қосиди ҷомеаи ояндаи шаҳрвандӣ мебошанд. Озодии виҷдон мазмуни воқеӣ гирифт ва ба ҳуқуқи демократии тамоми аҳолӣ табдил гардид.

Вале бешак, комёбии бузургтарини он давра пешрафти музокираи байни тоҷикон ба сӯи сулҳу салоҳ мебошад, ки баъд аз се сол ба он Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳусни хотима бахшид. Ин ҳуҷҷат аз анҷоми муқовимат дар миёни тоҷикон башорат дод…

Барои касе пӯшида нест, ки музокироти байни тоҷикон, пеш аз ҳама, бо саъю талоши Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳи пойдор дар ҷумҳурӣ, қатъ шудани амалиёти ҳарбӣ дар сарҳади тоҷику афғон, ҳалли масъалаи гурезаҳо ва ризоияти миллӣ шурӯъ гардида буд. Дар натиҷа вохӯрии нахустини ҳайати ҳукуматӣ бо намояндагони оппозитсия бо миёнҷигарии Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати умури хориҷаи Россия барпо гардид, ки аз 5 то 19 апрели соли 1994 идома ёфт. Аслан, ин қадами аввалин ба сӯи мақсади дерина, ба сӯи сулҳу салоҳ ва якдигарфаҳмӣ буд.

Аз рӯи инсоф бояд бигӯем, ки Эмомалӣ Раҳмон хеле барвақт аз оғози музокирот, ҳанӯз вақте ки вакили қатории парлумон буданд, барои пешгирии ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон чанд қадами ҷиддӣ бардошта буданд. Ҳанӯз соли 1992 ду маротиба ба ҷумҳурии ҳамсоя, ба шаҳри Бишкек сафар намуда, бо собиқ президенти Қирғизистон А.Акаев вохӯрда буданд, то вазъияти ба амаломадаро фаҳмонанд ва бо дастгирии ӯ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба фоҷиаи дар Тоҷикистон рухдода ҷалб намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон на як бору ду бор таъкид сохта буданд: «Мо барои музокирот бо ҳамаи неруҳое, ки умеди раҳонидани Тоҷикистонро аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ доранд, омода ҳастем».

Президент ба қавли худ ҳаргиз хиёнат накарданд, балки бо аъмоли ҳамарӯзаашон азму иродаи қавии худро собит менамуданд.

Ба ин зуҳуроти аҷоиб таваҷҷуҳ кунед. 16 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон Сардори давлат интихоб мешаванд. Баъд аз чаҳор сол, боз моҳи ноябр бо афзалияти зиёд дар интихоботи президентӣ ғалаба мекунанд, ҳамзамон Конститутсияи пешниҳоднамудаи ӯ аз ҷониби халқ пазируфта мешавад.   Панҷ сол пас моҳи ноябр ва боз ҳам таърихи 16 гурезаи охирин ба Ватан баргашт… Инро чӣ гуна метавон шарҳ дод? Тасодуф? Мувофиқ омадани ҳодисаҳо? Шояд. Вале дар ин муназзамӣ як рамзе низ ба назар мерасад, ки гувоҳи сарнавишти олист ва аз матонату устуворие, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хешро ба амал мебароранд, шаҳодат медиҳад.

Зери чархи кабуд ҳеҷ чиз абадӣ нест. Ҳар як сиёсатмадор ба қадри ҳиммати худ ба рафти воқеаҳо таъсир мерасонад ва дар таърихи кишвар нақше аз худ мегузорад. Чунин нақшро, ки дар ёди пасояндагон ҷовидон мемонад, Эмомалӣ Раҳмон аллакай ба таври хеле устувор гузоштаанд. Президент ба он муваффақ шуданд, ки аз сари нангу номус ҳамватанони гурезаи худро, ки бар асари ҷанги бародаркуш дар ғарибӣ афтода буданд, ба Ватан бозгардонанд. Ин, пеш аз ҳама, он мардуме буданд, ки дар хоки Афғонистон дар хаймаҳо умр ба сар мебурданд, вале тоҷикони ғарибгашта дар ақсои дигари ҷаҳон низ кам набуданд.

Дар таърихи бисёр кишварҳое, ки ҷанги ҳамватаниро аз сар гузарониданд, гурезаҳо ва муҳоҷирон зиёд буданд. Ҳеҷ кадом аз ин кишварҳо пас аз басанда шудани ихтилофу низоъҳои миллӣ гурезагони худро баргардонда натавонист. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин муваффақ шуданд.

Ба мисли Президент Авраам Линколн, ки дар замони худ барои ягонагии ҷомеаи амрикоӣ талошҳо варзида буд, Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки суннатҳои давлатдорӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистонро маҳфуз доранд. Ин бузургтарин хизмати Сарвари давлат дар назди халқи хеш ва наслҳои оянда мебошад.

Баъд аз соҳибихтиёр шудан Тоҷикистони маҳбубро беш аз 150 мамлакати ҷаҳон ба расмият шинохтанд ва миёни онҳо алоқаи зичи дипломатӣ барқарор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад. Тоҷикистон тараққиёти минбаъдаи худро ба инкишофи робитаҳои ҳаматарафа бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кулли мамлакатҳое, ки омодаи ҳамкории судманди тарафайн мебошанд, марбут медонад.

Ҳамаи ин тамоюлҳо аз ҷониби чандин ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки аз минбари баланди он суханронии Президент Эмомалӣ Раҳмон борҳо садо додааст, тақвият ёфтанд. «Оламу оламиён, — таъкид мекунанд Президент Эмомалӣ Раҳмон, — огоҳӣ ёфтанд, ки ҷаҳду ҷадали кишвари кӯҳсори мо на аз рӯи хешпарастӣ ва суди яклаҳзаина аст, балки ба хотири осоиштагӣ, ҳамсоягии нек ва бунёдкорист, қасди ишғол намудани мақоми сазовор дар радифи мамлакатҳои мутамаддин аст».

Шаҳрвандони Тоҷикистон имони комил доранд, ки кулли орзу ва омоли фархунда ва пуршаъну шарафи Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳатмаи ҷомаи амал хоҳанд пӯшид. Зеро қадами қатъӣ дар ин роҳ аллакай ниҳода шудааст.

Баъди атои Худо гардидани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбуб бунёди нақби Анзоб (баъдан бо пешниҳоди Роҳбари давлат нақби Истиқлол номида шуд) нахустин сохтмоне буд, ки бо ҷаҳду талош ва кӯшишҳои шахсии  Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуданд. Сардори давдат дар рӯзи ибтидо ёфтани иншооти  мазкур, яъне 20 майи  соли 1999 чунин гуфта буданд:

“Ба нохун бошад ҳам, бояд аз дили санги хоро роҳ кушоем, то дарвозаи вилояти  Суғд, ки дар байни  Душанбею Хуҷанд қарор дорад, дар чор фасли сол ба рӯи мардум кушода бошад. Бигузор падарону модарон ва бародарону хоҳарони  мо аз азоби баста шудани роҳ дар давоми шаш моҳи  барфрезию тармаҳо раҳоӣ ёбанд. Бигузор дарвозаи Зарафшон ва роҳи мошингарди ағбаи Анзоб кӯпруки заррине гардад, ки чун давоми  силсилаи “Шоҳроҳи абрешим” қисмати шимоли мамлакатро бо пойтахти он бипайвандад. Бигузор рафтуои мардум аз шарофати ин роҳ ба чаҳор самти олам ва саросари Тоҷикистон осону бемонеа гардад”.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақте ки дар иҷлосияи  ХУ1 таърихии Хуҷанд Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, Сардори давлат интихоб шуданд, ба халқи азияткашидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхорӣ карданро бо амри дили пок ҳадафи асосӣ, шоҳроҳи ягонаи  сиёсии худ қарор доданд. Биноан аз ҳамон минбаре, ки бори аввал ҳамчун Роҳбар  суханронӣ доштанд, бо сари баланд изҳор намуданд:

“Ман ба шумо сулҳ меорам! Оташи ҷангро хомӯш месозам! То он даме ки як нафар  гурезаи  маҷбурӣ дур аз Ватан бошад, худро ором намеҳисобам”.

Роҳбари ҷавони кишвари тоҷикон ин суханонро аз мағз-мағзи ҷисму ҷони худ гуфта буданд. Дар ин Барномаи  давлатсозии ӯ эҳсоси ҷасорату ғайрати бузург, ғамхории бепоёнаш нисбат ба мардумони  Ватан  ифода меёфтанд. Метавон  гуфтан, ки минбаъд кулли  лоиҳаҳои  созандагӣ ва бунёдкории  ин Родмарди бузург дар ду шаҳсутуни пурқудрат устувор гардиданд: ҷасорат ва ғамхорӣ.

Сохтмони нақби Анзоб солҳои ҳаштодуми қарни  гузашта шурӯъ гардида буд. Умуман ин сохтмони муҳимро дар замони шӯравӣ барвақт анҷом додан имкон дошт, зеро дар ҳамон давра аҳамияти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва ғайраро молик буд. Лекин бо кадом иллате оғози сохтмони он  ба дарозо кашид ва оқибат бо шурӯъ гардидани  нобасомониҳо тамоман қатъ шуд.

Сарвари давлат бо ғаюрӣ ва ҷасорати хоси худашон сохтмони нақби Анзобро ҳамагӣ ду сол баъди ба имзо расидани  Созишномаи умумӣ оид  ба сулҳи тоҷикон шурӯъ карданд. Дар ин айём ҳанӯз иқтисоди ҷумҳурӣ ҳоли заъифе дошт. Воситаҳои техникии аз замони шӯравӣ меросмонда чандон муқтадир набуданд, нақбканон маошашонро мунтазам намегирифтанд. Вале онҳо аз самти  шимол ва ҳам аз самти  ҷануби нақб Президенти шуҷоъ ва ҷасури мамлакатро дар паҳлуяшон дида, бо ҷӯшу ғайрати бесобиқа талошу заҳмати зиёд мекарданд, то Ватани азизамон обод бошад. Нақбканон ҳар замон бо дидани Сардори давлат ба ояндаи нек дилпур буданд.

Дар кишвари мо  ағбаи Анзоб ва атрофи он хосатан дар фасли зимистон хатарноктарин роҳи убуру мурур аст. Ягон соле набуд, ки аз ин роҳ хабари фоҷиавӣ нашунавем. Ҳазорон афсӯс, ки ҳангоми сафар кардан одамон нобуд мешуданд. Хусусан дар наздикии  минтақаи Майхӯра, саҳеҳтараш, аз гардиши  васли рӯди Сиёма ба рӯди Варзоб то Майхӯра ҳар сол то даҳ-дувоздаҳ нафар мусофирон зери  тарма монда, ҷон ба ҷонофарин месупориданд. Барои ҳамин даҳшат мардум ин қитъаи ваҳим ва пуртаҳлукаро аз замонҳои пешин “Новаи мурдаҳо” номидаанд. Ҳар кас агар фасли зимистону вақти барфрезӣ аз ин ҷо мегузашт, яқинан аз тармаю шамоли сарди шадид ба ҳалокат мерасид. Зеро кӯҳҳои баланд аз ду тараф дараро танг карда буданд, бинобар ин тарма аз ду самт бо даҳшат фурӯ мерехту ба роҳгузар ҳеҷ ҷои халосӣ намемонд.

Тӯли ҳафтод соли шӯравӣ ҳамин роҳи махуфро хурду калон  ҳамагон медонистанд ва аз фоҷиаҳо воқиф буданд, аммо афсӯс мегуфтанду мемонданд. Мутаассифона, аз роҳбарони ҳафтод соли ҳукмрони шӯравӣ касе ҷуръат намуда, ин хавфу хатари  даҳшатангезро бартараф накард.

Вале Роҳбари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин кори шарофатмандонаро дар солҳои аввали давлатдориашон ба некӣ анҷом доданд. Алҳол мусофирон дар байни  Дашти Кабуди  рӯди Сиёмаю Майхӯра аз якчанд нақбҳо  мегузаранд. Маҳз ҳамин нақбҳо роҳгузаронро аз тармаҳои бо лою сангҳои бисёрҳазортоннагии аз қуллаҳои кӯҳ фурӯрез ҳифз менамоянду наҷот мебахшанд.

Лоиҳаи нақби Анзоб дар замони шӯравӣ тарҳрезӣ шуда, аммо сохтмони нақбҳои алайҳи тарма дар он зикр наёфта буд. Ин нақбҳои наҷотбахш маҳз бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидаанд. Зеро Барномаи  давлатсозии  Президенти мамлакат тавре ки гуфтем, бар ду шаҳсутуни  пурқудрат  устувор аст: ҷасорат ва ғамхорӣ!

Чунин қиссаҳоро мо дар бораи нақбҳои Шаҳристон, Хатлон, Озодӣ ҳикоят карда метавонем, ки бо рисолату шуҷоати беназири Пешвои миллат бунёд гардидаанд. Аслан ба шарофати сиёсати созандагии Сарвари давлат саросари Тоҷикистон обод гардида, роҳҳо, пулҳо, мактабҳо, майдонҳои варзишӣ, корхонаҳо қасрҳои фарҳангӣ ва манзилгоҳҳо сохта шудаанд

Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам  Роҳбари ҷасур, далер, шуҷоатманд ва ғамхори халқ, парастори ятимон, барҷомондагон, пиронсолон мебошанд.

Тавре ки сокинони солхӯрдаи ноҳияи Мурғоб ҳикоят мекунанд, дар замони ҳокимияти шӯравӣ аз ашхоси баландрутбаи ҷумҳурӣ фақат як кас, роҳбари  фидокори тоҷикон, котиби якуми кумитаи марказии  ҳизби коммунисти Тоҷикистон, шодравон Турсун Ӯлҷабоев тобистони соли 1960 ба Мурғоб омада, ба ҳалли  муаммоҳои  ноҳия  иқдом варзида будааст.

Дар давраи фақат даҳ соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мурғоб се маротиба сафар намудаанд. Ҳар як сафари Сарвари давлат  ба ноҳияи дурдасттарини ҷумҳурӣ- Мурғоб хеле муҳим, таърихӣ ва фаромӯшнашаванда ҳисобида мешавад.

Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба амал омадани  нобасомониҳо дар ҷумҳуриамон шароити зиндагии  сокинони ин ноҳияи дурдаст ва баландкӯҳ боз ҳам душвор  гардида буд. Зеро ҳамон вақт аз маркази кишвар ба мардуми ноҳия ҳеҷ ёрию мадад  намерасид. Лекин сокинони ноҳия душвориҳоро пушти сар карда, ҳаргиз ноумед намешуданд ва бовар доштанд, ки оқибат сулҳу оромӣ барқарор мегардаду ҳукумати марказӣ ба ёрӣ меояд.

Дар ҳақиқат бо ташрифи Сарвари доно, ғаюр, далер, олиҳиммат ва хирадманди  давлатамон, хушбахтона, чунин рӯз фаро расид. Ҷаноби Олӣ зарурат ва муҳимии тараққиёти хоҷагии халқи ин минтақаро афзалтар  шумурда, бо вуҷуди пуркориашон бори аввал соли 1995 ба ноҳияи Мурғоб сафар намуданд. Пеши назари худамон бояд тасаввур бикунем, ки он сол чӣ гуна замоне буд, ҳанӯз садои машъуми тирандозӣ дар қаламрави кишвари азизамон ба гӯш мерасид. Ҳамон вақт дар дашти Аличур бо сабаби бад шудани вазъи обу ҳаво  чархболи Сардори давлат ногузир ба замин фуруд меояд. Ва Президент тавассути мошинҳои шахсӣ минтақаи душворгузарро тай намуда, ба маркази ноҳияи Мурғоб, ба назди мардум, ки интизораш буданд, ташриф фармуданд. Сокинони ноҳия Сарвари давлат, фарзанди барӯманди  миллатро бо рӯҳбаландӣ ва эҳтироми бузург  пешвоз гирифтанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари аввалинашон заруртарин муамморо ҳал карданд, ки ин гарм намудани  бемористонҳо, боғчаю мактабҳо, хонаҳои мардум ва идораҳои давлатӣ буд. Бо супориши Сардори давлат барои ҳалли ин масъала  маблағ гузаронида шуд ва бо ҳамон маблағ ангишт ва дигар маводи сӯхт харидорӣ гардида, одамон аз мушкилот раҳоӣ ёфтанд. Воқеан, зимистони минтақаи Мурғоб баробари манотиқи шимоли дури  Россия буда, сардии ҳаво  то 50 дараҷа хунукӣ мефарояду гоҳо аз он ҳам сардтар  мегардад. Дар ин ҷо зарур аст, ки тақрибан соле даҳ моҳ утоқҳои истиқоматӣ гарм карда шаванд.

Ҷаноби Олӣ ҳангоми сафари дуюмашон аз шароити душвори пиронсолони  ноҳия огоҳ гардида, бо амри худ ҳаҷми нафақаи солхӯрдагони Мурғобро  2,5 баробар афзун намуданд.

Сарвари давлат бори сеюм ба ноҳияи Мурғоб сафар карда, вобаста ба сохтмони  шоҳроҳи Мурғоб-Қулма-Сиёҳсангон ва рӯ ба тараққӣ ниҳодани минтақа бо квотаи  президентӣ масъалаи тайёрии кадрҳои маҳаллиро ҳал намуданд. Акнун аз ин ноҳияи дурдаст духтарону писарони зиёд дар мактабҳои олии Тоҷикистон таҳсил доранд. Як иддае аз онҳо таҳсилро хатм намуда, ба хизмати халқу Ватани хеш машғуланд. Гурӯҳи калони фарзандони ноҳия дар таълимгоҳҳои Ҷумҳурии Қирғизистони бародар мехонанд, ки онҳо низ бо квотаи президентӣ ба ин шараф сазовор шудаанд.

Духтари сарбаланди диёри Мурғоб Овагул Ислаева бо квотаи президентӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таҳсилро ба анҷом расонида, ба табобати беморони ноҳияи худ машғул аст.

Сокинони ноҳияи Мурғоб донистанд, ки ваъдаҳои Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сухан не, балки дар амаланд ва воқеияту ҳаққонияти онро бо чашмони худ диданд. Биноан онҳо аз  ғамхориҳои Сарвари давлатамон хеле сипосгузор  буда, Пешвои миллатро ҳамчун роҳбари  содиқ, хирадманд, дурандеш, бузургмарди  каёнифитрат самимона эҳтиром менамоянд…

Бо дидани ин ҳама ободкориҳо имрӯз шукрона мегӯем, ки он ақибмонии замони шӯравӣ дар ҷумҳурии мо босуръат бартараф шуда истодааст.

Аз замони таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба арсаи роҳбарии Ватан зуҳур намудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятҳои зайл зимомдорони кишвар буданд: Абдуқодир Муҳиддинов, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев, Қаҳҳор Маҳкамов.

Албатта, дар солҳои  роҳбарии чор нафари аввал имконияти сохтмону  ободонӣ хеле ночиз  буд, ин фаҳмост. Лекин замони панҷ нафари охирро бо даврони ҳукуматдорию давлатсозии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқоиса намоем, тафовут аз замин то осмон аст! Воқеан ҳам саҳми Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ободонии кишвар беназир аст!

Дар ҳақиқат Роҳбари донишманд, ҷасур ва ғамхори тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ақибмонии  ҳафтодсолаи шӯравиро дар Тоҷикистони азиз бартараф карданд.

Ва табиист, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат”-ро қабул кард. Интихоби Пешвои миллат зарурати давлатдории навини тоҷикон буда, ин талабу хоҳиши тамоми халқ аст.

Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамон мебошанд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан барои халқ ва миллати мо  хизматҳои бузурги таърихӣ карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз фурӯпошӣ наҷот додаанд. Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми ҳуқуқӣ, нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуданд. Эҳёи арзишҳои динӣ ва миллӣ оғоз гардида, кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, истиқлолияти озуқаворӣ таъмин гардид, роҳи давлатдории Тоҷикистон ба сӯи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ-дунявӣ ва ягона шурӯъ гардидааст.

Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳақиқатан ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат аст.

Сайидмурод ФАТТОҲЗОДА,
Мансур САЙФИДДИН,
Бахтиёр  МУРТАЗО

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg