Н.ХУСРАВ. Мутобиқи нишондоди Оиннома ҲХДТ маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё баргузор гардид.
Дар маҷлиси Кумитаи иҷроия 7 нафар аъзои Раёсат иштирок дошта, инчунин раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иштирок карданд.
Дар рӯзномаи маҷлис 3 масъала пешниҳод шуда, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нуҳмоҳаи соли 2018 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё маърӯза карда, доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ муфассал ахборот дод.
Масъалаҳои дуюму сеюми рӯзномаи маҷлисро раиси Кумитаи иҷроия Алиева Сураё шарҳу эзоҳ дода, оид ба онҳо лоиҳаи қарорҳоро қабул намуданд.
Дар охир фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар нуҳмоҳаи соли 2018-ро ҳамагон қаноатбахш ҳисобиданд.