БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ бо рангу нигори тоза эҳё гашта истодаанд

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи татбиқи босифати бандҳои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант барои нимсолаи дуюми соли 2018, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Парафшон» намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба эълон гардидани Соли тақвияти робита бо маҳал ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки сокинон баргузор гардид.

Масъулин дар рафти чорабинӣ аз корҳои хонагии занону бонувони ҳунарманди биноҳои баландошёна, ки бо гулдӯзиву қуроқдӯзӣ, рафидадӯзӣ, кашидадӯзӣ ва дигар намуди ҳунармандӣ машғуланд, шинос гардиданд.

Сипас сухани ифтитоҳиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷафар оғоз намуда оид ба самтҳои афзалиятноки фаолияти ҳизб, аз ҷумла тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгири аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон суханронӣ намуда, қайд кард, ки либоси миллӣ нишоне аз таъриху фарҳанги қадимаи ҳар як халқияту миллат мебошад. Нигоҳ доштани либоси миллӣ ва аз насл ба насл ба меърос гузошта он вазифаи муқаддаси ҳар як сокини соҳибхирад аст.

Инчунин бо мақсади  ба роҳи дуруст ҳидоят намудани ҷавонон ва гирифтани  пеши роҳи бегонапарастию гаравидани ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои  ифротию террористӣ, бо истифода аз усулҳои муосири кор бо табақаҳои иҷтимоӣ боз ҳам пурзӯр намудани ҷалби нерӯи ҷавонон, бахусус ҷавонони марказ ба равандҳои  созандагию  бунёдкорӣ ва оиди  ихтиёрӣ хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.

Дар охири чорабинӣ ба аъзо ва фаъолони  ҲХДТ  аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  барои  иштирок  ва  саҳми босазо гузоштанашон дар чорабинии  мазкур бо Сипосномаи ҳизбӣ қадрдони карда шуда, ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён”-и  шаҳри Левакант таъби ҳозиринро бо сурудҳои дилнишинашон болида гардонид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg