БАЛҶУВОН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон дар ташкилоти ибтидоии деҳаҳои Салимӣ ва Маҷитии ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор намуданд.
Масъулин зимни суханронӣ оид ба сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риштаҳои дӯстиву ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон, оид ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мулоқоташон бо роҳбарону фаъолони вилоят, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ ибрози андеша карданд.