ПАНҶ. Чорабинии фарҳангӣ- сиёсӣ бо аъзо ва ҷонидборони ташкилоти ибтидоии “16-солагии Истиқлолият”-и ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов таҳти шиори «Мо якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон чорабиниро оғоз намуда, ба ҳамагон мақсад ва мароми баргузории ин гуна чорабиниҳои сиёсиро шарҳ дода, қайд намуд, ки роҳандозии Аксияи ҳизбии тарғиботӣ-амалии“Якҷоя ҳал мекунем!”бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд ва дар ин росто сафарбар кардани аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иборат мебошад андешарони карданд.
Дар идома самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал», “Тарроҳи беҳтарин”, «Маликаи Хатлон», «Армуғони хатлонӣ», «Беҳтарин муаррификунандаи мавеъҳои сайёҳӣ», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ» андешаронӣ гардид.
Ҷиҳати татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя хал мекунем!» бо тасмими соҳибкорон-сокинони маҳал тӯи суннати 2 нафар дӯстрӯякон ва ба 2 оилаи маъюбон кӯмакҳои моддӣ, аз қабили сару либос ва хӯрока расонида шуд.
Вакили ҳизбӣ Сангов Пирназар зимни баромадаш оид ба амалҳои хоинонаи ҳизби хиёнатпешаи наҳзат ва хавфу хатари терроризму эктремизм, ки аз тарафи гурӯҳҳои террористии ба монанди гурӯҳи 24, Озодандешон, Паймони миллӣ ва ғайраҳо, ки ба истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату ягонагии Тоҷикистон азизу маҳбуби мо таҳдид менамояд, суханронӣ намуд. Дар идома аз ҷавонони маҳал даъват ба амал овард, ки нисбати гурӯҳҳои террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯъ ҳангоми истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор бошанд. Зиракии сиёсиро аз даст надода, нисбати ин хатарҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ вокуниш нишон диҳанд.
Ҳунармандони чирадаст, кадбонуву оҳангарони моҳири маҳал, меҳмононро бо маҳсули заҳмату истеъдоди худ, ки ба намоиш гузошта буданд, шинос карданд.