БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зани тоҷик эҳёкунандаи ҳунарҳои миллӣ мебошад

ЁВОН. Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори дигар мавқе ва манзалати зан- модари тоҷик баланд бардошта шуда, имсол бонувони ҳунарманди Тоҷикистон шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод ва сулҳу суботи ҷовидона намуда, ҳунарҳои мардумии хешро тақвият бахшида истодаанд.

Чанде қабл бо мақсади тарғиби арзишҳои миллӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва тақвият бахшидани робита бо маҳал дар деҳаи Қулободи ҷамоати деҳоти Чоргул чорабинии сиёсию фарҳангӣ роҳандозӣ гардида, дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, намояндагони беморхонаи марказии ноҳия Иззатуллоева Сайёра ва Алифов Ҷаҳонбек иштирок ва оид ба масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуданд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саёҳат Абдуллоева зимни суханронии хеш занону бонувонро барои иштироки фаъолона дар озмунҳои «Тарроҳи беҳтарин», «Маликаи Хатлон», «Армуғони хатлонӣ», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ» ва «Беҳтарин доиркунандаи чорабинии сатҳи маҳал» даъват намуда, таъкид ба амал овард, ки ғолиби озмунҳоро туҳфаҳои арзишнок ва маблағҳои пулӣ интизор аст.

Дар охир аз ҷониби бонувони ҳунарманди деҳаи Қулобод   ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда, аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо хушнудӣ пазируфта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg