БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

16 Октябр 2018

Терроризм ва ангезаҳои бедоркунандаи ақидаҳои ифротиро маҳкум мекунем

ВОКУНИШ. Экстремизми динӣ яке аз падидаҳои манфии иҷтимоиест, ки ба шууру рӯҳияи ҷомеа, ахлоқ, идеология, муносибатҳои байни қавму табақаҳои гуногун, иттиҳодияҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳатто равобити байни давлатҳо таъсири бад мерасонад. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ экстремизм ин ҷонибдорӣ аз ақида, мавқеъ ва тадбирҳои ифротӣ дар фаъолияти ҷамъиятӣ мебошад.

Иборае ҳаст, ки «саг аккос мезанаду корвон бо роҳи худ меравад»

ВОКУНИШ. Матолиби дар шабакаи «Паём-нет» интишоршударо мутолиа намуда ҳамчун шахси соҳибҳуқуқ хостам назари худро дар мавриди ин мақолаи сар то по  муғризона пешниҳоди хонанда намоям.

Ҳифзи марзу буми ин Ватан вазифаи ҷонии шаҳрванд ва хоса ҳар як ҷавонон аст!

ВОКУНИШ. Дар мамлакати тинҷу ороми мо ашхоси нотавонбине ёфт мешаванд, ки дастоварду комёбиҳои халқи тоҷик, пешрафту тараққиёти кишвар, шукуфоӣ, ободӣ, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ, сериву фаровонӣ, оромиву осудагии мардумро намехоҳанд, ба онҳо бо назари кинаву ҳасад менигаранд.

Яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба тундгароӣ мухолифатҳои дохилимазҳабӣ бар асари ворид шудани исломи ғайрианъанавии сиёсӣ мебошад

ВОКУНИШ. Заминаи имконпазири афзоиши сафҳои тундгароён ва ифротиёнро дар замони ҳозира асосан ҷавонони 18 то 27 сола, ки ба дараҷаи камолоти иҷтимоӣ ва пайдо кардани таҷрибаи ҳаётӣ ва касбӣ нарасида, бар асари заиф будани ақидаҳои ахлоқиашон метавонанд ба осонӣ фирефта шаванд, мо  бояд  миёни  ин  ниҳод  корҳои  фаҳмондадиҳиро зиёд намоем, кӯшиш намоем  ҷавононро  ба  касбомӯзи сафарбар  намоем.

Ин «бузакбозӣ»-и Кабирию ҳамсафонаш як рўз не як рўз сари онҳоро ҳатман хоҳад хӯрд!

ВОКУНИШ. Аввалан, мехостем бидонем, ки «паймони миллӣ» чӣ гуна ташкилот ё гуруҳест ва чӣ рисолат ба андешаи аъзои он дошта бошад. Ба ин хотир, ба шабакаи интернетии «Паём. нет» ворид шудаву бобати огоҳӣ ёфтан аз ин «паймон»  дидан намудам.

Миллати тоҷик дорои таъриху фарҳанги ҳазорсола аст

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон  бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизӣ Сабоҳат Тағойалӣ дар деҳаи Исмоили Сомонии ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавии ҳизб мароми мост!

МӮЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ХҲДТ дар ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони деҳаи дараи Ҳаваши ҷамоати деҳоти ба номи  Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Мӯъминобод тибқи ҷадвали баргузории  хонишҳои сиёсӣ  дар ташкилоту муассисаҳо  ва вохӯриву мулоқоҳот дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар маҳал ҳунарҳои мардумӣ бо рангу тобиши тоза рушд карда истодаанд

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи татбиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар нимсолаи дуюми соли 2018  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ганҷина» чорабинии фарҳангӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамзамон эълон гардидани Соли тақвияти робита бо маҳал ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.

Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тавассути намоиши ҳунарҳои мардумӣ

КӮЛОБ. Мувофиқи ҷадвали вохӯриҳо дар деҳаи Карбостанаки ҷамоати деҳоти Даҳана намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид.

Зимни ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва сардухтури ВНМО-и шаҳри Кӯлоб Расулов Амиралӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Базаи моддиву техникии хоҷагиҳои деҳқонии маҳал шароити заруриро дорост!

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  бо  кормандони хоҷагии деҳқонии “Тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов”-и ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Маориф – инъикосгари зеҳни миллат

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Данғара дар деҳаи Дилнишини ҷамоати деҳоти Пушинг  хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ба хотири дастурхони пурфайзи сокинони кишвар

Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи Ленингради ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳия чорабинии фарҳангӣ бахшида Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин ҷиҳати расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба аҳолии маҳал ва қабули аъзои нав ба сафи ҲХДТ аз ҳисоби фаъол

Мақсади мо ҳизбиён мусоидат намудан ба рушди ҳунарҳои миллӣ мебошад

ВОСЕЪ. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти Тугарак вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо сокинони деҳот баргузор гардид.

Тарғиби Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар байни сокинон

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Устод” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ализода Одил ва Асадуллозода Ватан иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳунармандони хушзавқ ба озмунҳои ҳизбӣ омодагӣ дида истодаанд

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизӣ Сабоҳат ва дигар шахсони даъватӣ дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳун

Ҷавононро дар рӯҳияи омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ тарбия менамоем!

Ҷ.БАЛХӢ.Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи Ленини ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии таблиғотии ҳизбӣ оид ба Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Х.Асоев доир гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg