ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Алиҷони ҷамоати деҳоти Пушинг хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур оид ба мавзӯъҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, ободониву созандагӣ, риояи қонунҳои миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ, касбу ҳунароҳои мардумӣ омӯзонидан ба ҷавонон, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ суҳбат доир карда шуд.
Ҳамзамон, зикр карда шуд, ки ифротгароӣ ва терроризм аз манфуртарин падидаҳо ба ҳисоб рафта, муборизаи ягона бар зидди ин зуҳуротҳо ин тарбияи дурусти хонаводагӣ ва ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар замири ҷавонону наврасон мебошад.