БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанги миллӣ муаррифгари миллат аст

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Қаблаи  ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назарови  ноҳия чорабинии фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб  ба иштирокчиён фаҳмонид, ки аз   ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ таваҷҷуҳ ба иштироки занон дар ҳаёти сиёсии имрӯзаи кишвар, иштироки онҳо дар идоракунии давлат, ишғол намудани занон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани мақом ва манзалати занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсуси соҳавӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.        

Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуда, занону духтарон метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани ҳунарҳо шароити иқтисодии худ ва атрофиёнашонро бо ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ беҳбудӣ бахшанд.

Инчунин,  вакили ҷамоати деҳот Рӯзиев Мустафо барои тарбия намудани насли наварас дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои  миллӣ, эҳтироми калонсолон, давом додани таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои олии кишвар андешаронӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки дар ҷомеаи имрӯза гурӯҳҳое амал менамоянд, ки бо ваъдаҳои дурӯғ барои ба даст овардани даромади муфт ҷавононро ба ҳар гуна гурӯҳҳо ҷалб карда истодаанд, ки  ин боиси даст ба амалҳои ношоиста задани бархе аз шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон гардида истодааст. Аз ин лиҳоз ҳар яки моро лозим аст,  фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғ нагардида, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, бо истифода аз тинҷиву оромии кишвар барои шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg