БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

17 Октябр 2018

Хушхабар: Иттифоқи касабаи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ғолиби озмун гардид

ХАТЛОН. Тибқи  Қарори  Шӯрои Генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо назардошти  эълон доштани Соли 2018 – Соли ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба ва баланд бардоштани  нақши ташкилотҳои ибтидоии  иттифоқи касаба Озмуни «Беҳтарин ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба» эълон гардида буд. 

“Бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад...”

ВОКУНИШ. Дар воқеъ, имрӯзҳо миллати тоҷик баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ тавонистааст ба дастовардҳои назаррас ва намоён ноил гардад.

Хоинони миллат чӣ ҳиллаю роҳҳои нав меҷӯста бошанд, ки мо кайҳо парда аз руйи касифашон бардоштаем!

ВОКУНИШ. Нисбати воқеоти 11-ми сентябр соли 2018 дар Варшаваи Лаҳистон  руҳдода, чунин иброз медорам:

Хиёнат ба миллату мазҳаб– амали нобахшиданист!

ВОКУНИШ. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба қатори кишварҳои рӯ ба тараққӣ дохил шудааст. Давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон Тоҷикистонро чун кишвари ободу соҳибистиқлол ва пешрафта, макони сулҳу субот шинохтаву эътироф намуданд. Ин ҳол душманони Ватану миллатро, ки ин ҳама пешравӣ, ободкориҳо ва созандагиро  нодида мегиранд, ба хашму ғазаб овардааст.

Хиёнаткорон ҳамеша шармандаи давру замонанд!

ВОКУНИШ. Нисбати  муноқишаи рӯзи дуюми нишасти Созмони Амнияти ва ҳамкории Аврупо дар Варшава миёни ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини тоҷик  гуфтани ҳастем, ки шахси хиёнаткор ба ватан ба ҳарҷо, ки қадами худро  гузорад,  алббата бо як дасисаю найранг коре мекунанд, ки як муноқиша  ва ё ҷангу даъвоеро сомон медиҳад.

Талвосаи ҷонкании дарандаи захмдор (доир ба аъмоли пасипардагии Кабирии шайтон, ки одамсурат аст!)

ВОКУНИШ. Терорризм ва ифротгароӣ падидаҳои номатлубе мебошанд, ки имрӯз тамоми ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки соли 2017 соли нооромтарин ба ҳисоб меравад.

Ҳар гӯшаи Ватан тамошобоб аст!

Ш.ШОҲИН. Тоҷикистон  ҳамчун биҳишти рӯи замин эътироф шуда, ҳамаи минтақаҳои он ба соҳаи туризму сайёҳӣ мувофиқу ҷолиб аст. Алалхусус мавзеъҳои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо табиату обҳои софу мусаффояш диққати ҳазорҳо сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.

Мо дар ҳамбастагӣ Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро татбиқ мекунем!

А.ҶОМӢ. Мувофиқи талаботи мақомотҳои болоии ҳизбӣ ва ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ин навбат дар ташкилоти ибтидоии «Хуррамзамин»-и деҳаи Роҳи Ленини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳия бо мақсади дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҳунарҳои мардумӣ-асоси рушди иқтисодиёти оила мебошанд

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Якуми майи ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандон дар самти паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ дар заминаи рушди соҳибкорию хоҷагидорӣ ва корҳои хона

Барои сулҳу субот ва пешрафту тараққиёти кишвар сина сипар мекунем!

ХОВАЛИНГ. Сокинони деҳаи Зардакии ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо суҳбати гузаронидаи мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷ. Қаюмовро оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо диққат гӯш намуда, аз он хулосаи даркорӣ бароварданд.

Истиқлолият имкон дод, ки фарҳанги миллӣ рушд кунад !

ҲАМАДОНӢ.  Дар асоси нақша-чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар маҳалаи Закариёи Розӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Давлатҷол Ғаффорзода чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.

Омили асосии пешгирии бемориҳои сирояткунанда – ин баланд бардоштани маърифти сокинон дар ин самт мебошад

ФАРХОР. Мулоқоти навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии «Маркази мубориза бар зидди бемориҳои пӯсту зуҳравӣ» сурат гирифт.

Кишоварзон аз сиёсати некбинонаи Пешвои миллат баҳраманданд

ТЕМУРМАЛИК. Ҷиҳати тақвият бахшидани робитаи ҲХДТ бо маҳал дар асоси ҷадвали вохӯрию мулоқотҳо  дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Шириноби ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси  ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо сокинони деҳот баргузор гардид.

Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ шарафи бузург аст!

ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар нерӯгоҳи обии барқии шаҳр хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант баргузор гардид.

Тоҷикон аз азал бо дӯстиву ҳамгироӣ маъруфанд

ПАНҶ. Тоҷикону  ӯзбеконро ҳамзистии   чандинасра ба ҳам наздику ҳамтақдир кардааст. Дар Осиёи Марказӣ ягона миллатҳое, ки аз рӯйи урфу одат, расму русум ва анъана ба ҳам наздиканд, тоҷику ӯзбек мебошанд. Тӯли  асрҳо  ҳамзистӣ халқҳои мо шодиву ғамро якҷоя дидаанд. 

Ҳадафҳои созандаи ҲХДТ баҳри зиндагии шоистаи шаҳрвандон

МӮЪМИНОБОД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии ҷангал»-и ноҳияи  Мӯъминобод вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.

Мардум ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ шавқу завқи баланд доранд

ЛЕВАКАНТ. Мувофиқи ҷадвали нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «Гулафшон»  бо иштироки  сокинони  кӯчаҳои баландошёнаи  Сомонӣ 26, 28 чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо як шаҳомати хоса баргузор гардид.

Эҳёшавии ҳунарҳои дастӣ боиси сарфарозии ҳунармандон ва аҳли ҷомеа гардид

КӮЛОБ. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Тамошотеппаи шаҳри Кӯлоб бо ҷалби сокинон гузаронида шуд. 

Дар ин чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сокинон дар пайи амалигардонии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ мебошанд

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Палвонтуғайи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳия дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал  чорабинии фарҳангӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Аксия ва озмунҳои ҳизбӣ дар сатҳи маҳал роҳандозӣ мегарданд

ЁВОН. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақому манзалати  фаҳанги миллӣ  эълон гардидааст, дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ баҳри эҳёи анъанаҳои неки ниёгон

ДӯСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ масъулин дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои Пахтакор ва Умеди ҷамоати деҳоти Навзамин  дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвони «Армуғони хатлонӣ», «Маликаи Хатлон» ва «Кадбонуи беҳтарин» ташкил ва гузаронида шуд.

Ҳифз ва эҳёи ёдгориҳои ниёгонамон вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад

ВОСЕЪ. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ин навбат дар деҳаи Ибрати ҷамоати деҳоти Тугараки бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.

Фарҳанг ҳастии миллат ва бақои давлат аст!

ВАХШ. Вохӯрии навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар деҳаи Оқтеппаи ҷамоати шаҳраки Киров бо сокинони маҳал  баргузор гардид. 

Сиҳатии аҳолӣ пеш аз ҳама риояи қоидаҳои санитарӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Даво» тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан иштирок ва сухунаронӣ намуданд.

Сокинон барои ҷамъбасти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омодагӣ мебинанд

БАЛҶУВОН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Балҷувон дар нимаи дуюми соли 2018 оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   бо сокинони  деҳаҳои Диҳии куҳна ва Боймирзои ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Ами

Занони маҳал дар амалишавии ҳадафҳои созандаи ҳизб саҳмгузоранд

Ҷ.БАЛХӢ. Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Фурманови ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷалби занони маҳал чорабинии сиёсӣ- фарҳангӣ роҳандозӣ гардид.

Пешвои миллат: Хизмати ҷавонон ба Ватан-Модар муқаддас аст!

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ифтихор»-и ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ   Самадзода Саёҳат ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ Ҷамолиддини Маҳмадшариф оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

ҲХДТ - нерӯи муттаҳидкунандаи аҳли ҷомеа мебошад

ПАНҶ. Дар доираи татбиқи бандҳои ҷадвали вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ чорабиниҳои ташвиқотиву таблиғотӣ дар сатҳи баланди  сиёсӣ роҳандозӣ гардида, сокинон баргузории онҳоро бо хушнудӣ қабул намуда истодаанд.

Устувории пояҳои давлатдорӣ аз оилаи солим вобастагӣ дорад

КӮЛОБ. Бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созандагон-3” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва дигар шахсони даъватӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Тантанаи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал идома доранд

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои қадима намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигорҳои ниёгон ва маҳсулоти кишоварзӣ намоиш дода шуда.

Фарҳанги миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушд намуд

ЁВОН. Дар асоси ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи Fарави ҷамоати деҳоти Даҳана  дар доираи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва Соли тақвияти робита бо маҳал чорабинии сиёсию фарҳангӣ роҳандозӣ карда шуд.

Ҳифзи арзишҳои миллӣ аз вазифаҳои муҳими мост!

Ҷ.БАЛХӢ. Корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон бо мақсади иҷрои чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар маҳаллаи Ваҳдат,  20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1-майи ҷамоати шаҳраки Балхӣ вохӯрӣ ва чорабинии фарҳангӣ гузаронид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg