КӮЛОБ. Дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар рафти Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ санаи 16 феврали соли равон ҷиҳати то охири соли 2019 таъмин будани ҳамаи сохторҳои ҳизбии кишвар бо бинои маъмурии ҳизбӣ ироа гардид, дар саросари вилояти Хатлон сохтмони биноҳои маъмурии ҳизбӣ оғоз гашта истодаанд.
Бо умеди ояндаи дурахшон ва зиндагии шоистаи мардум дар шаҳри Кӯлоб сохтмони бинои маъмурии ҲХДТ оғоз гардид.
Тибқи лоиҳаи таҳрезишудаи сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ду ошёна буда, 5 утоқҳои кории замонавӣ барои кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроия, як толори маҷлисгоҳ бо 108 ҷойи нишаст ва ду меҳмонхона бо тарзи муосир бунёд хоҳад гашт.
Имрӯзҳо сохтмони бинои маъмурии ҳизбӣ бо дастгириҳои пайвасатаи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо маром идома дорад. Ва ин иқдоми нек, яъне сохтмони бинои ҳизбӣ тибқи дастури Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зудтарин фурсат ба анҷом расонида мешавад.