Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тамоми сокинони вилояти Хатлонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ – забони тоҷикиамон, ки дар тӯли садсолаҳо мавҷудият ва абадияти миллати тоҷикро дар рӯи замин таъмин сохт, табрику муборакбод мегӯяд.
Ба дурустӣ забон ҳастии миллат аст ва бо шарофати фидокориву азхудгузариҳои фарзандони сарсупурдаи миллат ҳифзу гиромӣ дошта мешавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Забони тоҷикӣ ҳамчун мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд мисли риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст”.
Беҳуда нест, ки соҳибназарон забони миллатро сарҳади миллат мегӯянд. Воқеан, миллати тоҷик бо шарофати ҳифзи забони худ дар моварои ҳазор соли бедавлатӣ ва ҳазор соле, ки аз лиҳози сиёсиву ҷуғрофӣ дар асорати бегонаҳо қарор дошт, бо нигоҳ дошта тавонистани озодии забону фарҳанги хеш билохира ба озодӣ ва Истиқлолияти давлатӣ даст ёфт.
Ин имтиҳони таърихӣ мо – аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро ҳушдор медиҳад, ки беш аз пеш дар ҳифзи забони модарии худ кӯшиш ба харҷ диҳем ва дар ин роҳ пайрави Пешвои муаззами миллатамон бошем.
Ниҳоят, таманнои онро дорем, ки бигзор оҳанги ширини забони тоҷикӣ дар тамоми гӯшаҳои дунё абадан танинандоз бошад.
Рӯзи забони давлатӣ муборак бод!
05.10.2018, шаҳри Бохтар