БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон ояндаи давлату миллатанд

НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо, ки дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии  Тоҷикистон дар шаҳри Норак дар ташкилоти  ибтидоии «Ояндасоз» хониши сиёсӣ доир гардид. 

Зимнан  Қумринисо Гулмуродзода  оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, дастуру супоришҳо аз Паём бароянда, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ меҳанпарастӣ ва омӯхтани  касбу ҳунарҳо,  эҳтиром ва иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбар кардани ҷавонони синни даъвати ба хизмати  Ватан-Модар, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстримизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ андешаронӣ намуда,  афзуд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат буда, ҳар як ҷавонмарди  худогоҳу ватандӯстро лозим аст қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватан адо намояд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат  мавсуф  озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg