БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

11 Октябр 2018

Наҳзатиён рӯҳу виҷдони худро фурухтаанд

ВОКУНИШ. Ҳоло ҳама пиру ҷавони Тоҷикистон шоҳиди он ҳастанд, ки дар Ватани азизамон барои адо намудани ҳама рукнҳои мубораки дини мубини Ислом тамоми шароиту имкониятҳо мавҷуд буда, эҳтиёҷе ба кадом як наҳзатиёни иғвоангез нест.

Духтарони бофарҳанги тоҷик эҳёкунандагони ҳунарҳои миллӣ мебошанд

ЁВОН. Бо мақсади тақвият додани дастуру супориш ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудаанд, дар деҳаи Анористони ҷамоати деҳоти Обшорон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Фаровонии дастурхону рӯзгори осудаи сокинон мақсади асосии мост!

Ш.ШОҲИН. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Вағлел атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир  гардид.

Маориф соҳаи муҳиму афзалиятнок дар ҷомеаи имрӯза

ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилот ибтидоии ҳизбии “Шуъбаи  маориф”-и  ноҳияи Шаҳритуз вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҳадафи асосии Паёми Пешвои миллат беҳбудии рӯзгори халқ аст

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кишоварз»-и назди Раёсати кишоварзии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷаниби кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид.

Ҳунарҳои мардумӣ ганҷи дастони зани тоҷик аст

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар маҳаллаи ба номи Ҳамро Олимови ҷамоати деҳоти Истиқлол бо мақсади амалигардонии Соли тақвияти робита бо маҳал бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.

Гулдузиҳои тоҷикӣ сеҳрофаринанд...

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Сабоҳат Азизӣ ва раиси деҳаи Хуросони ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли

Таъмини амнияти озуқавории кишвар аз ҳадафҳои олии ҲХДТ ба ҳисоб меравад

ҲАМАДОНӢ. Дар асоси нақша-чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии «Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ»- и ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Каждумҳои наҳзатиро, ки барои газидани Тоҷикистон тарбия мекунанд, билохира ба бадани Аврупо неши заҳрогини худро мезананд

ВОКУНИШ. Роҳбарони ТТЭ ҲНИ аз рӯзҳои аввали ташкили ин гурӯҳи хиёнаткор дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандонро ба роҳ монда минтақаҳои гуногуни Ватанро зидди якдигар душман сохта, дар натиҷа ҳазорон шаҳрвандони бегуноҳро ба қатл расониданд. Ҳамзамон онҳо ТТЭ ҲНИ – ро ҳамчун гурӯҳи сиёсии ҷабрдида дар назди хоҷагони хориҷии худ вонамуд намудаанд.

Саховатмандӣ аҳамияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зиннат» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ доир намуданд.

Зироатпарварӣ ва чорводорӣ манбаҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ҳастанд

ПАНҶ. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  ҷиҳати дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани чорабиниҳои фарҳангию  сиёсӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар робита бо маҳал дар маҳаллаи Қушқияи ҷамоати деҳоти Озодагон вохӯрии судманд доир гардид.

Об манбаи ҳаёти ҳамаи мавҷудоти олам аст

НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо, ки дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар шаҳри Норак тасдиқ шудааст,  дар ташкилоти  ибтидоии «Обтаъминкунӣ» хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  доир гардид. 

Ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар маҳал ба рушди хоҷагидорӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд

КУШОНИЁН. Дар деҳаи Сироҷиддин Фаттоеви ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол бо иштироки  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара ва кормандони  масъули Кумитаи иҷроия вохӯрӣ ва чорабинии фарҳангӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ доир карда шуд.

Ҳунару ҳунармандӣ дар маҳал ривоҷу равнақи тоза ёфтааст

КӮЛОБ. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Исмоили  Сомонии шаҳри Кӯлоб роҳандозӣ гардид, ки дар он мувоини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ҳизб Файзуллоев Алишер ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сатҳи маънавиёти шаҳрвандон дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ хеле боло рафтааст

Ҷ.БАЛХӢ. Дар маҳаллаи Кайҳонии ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии фарҳангӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

ҲХДТ-эҳёгари анъанаҳои неки ниёгон

ҚУБОДИЁН. Эҳёи анъанаҳои неки миллӣ ба ҳамзистиву ҳамсоядорӣ, дасти ёрӣ дароз намудан ба ҳамдигар дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ, бартараф намудани нофаҳмиҳо ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон, пешгирии насли наврас ва ҷавонон аз ҳар гуна амалҳои ношоиставу шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ирфотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад.

Тарбияи дурусти наврасон вазифаи ҷонии ҳизбиён ба ҳисоб меравад

ДӮСТӢ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Боғчаи бачагонаи №1» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Мардуми тоҷикро наҳзатиҳои ватанфуруш гумроҳ карда наметавонанд

ВОКУНИШ. Чанде қабл дар ҳошияи нишасти САҲА оид ба андозагирии ҳуқуқи инсон дар Варшава аз ҷониби мафияи наҳзатиҳо боз фитнае ба кор бурда шуд. Онҳо навиштаҷотеро бо номи “озод намудани маҳбусони сиёсӣ” ба собиқ намояндаи худ доданд. Дар ин ҳолат низ онҳо амали “найрангро” ба кор бурданд. Бинобар он, ки намояндаи собиқи онҳо забони хориҷиро чандон хуб намедонад инро ба назар гирифта бо забони хориҷӣ навиштаҷотро ба дасти ӯ доданд.

Наҳзатиён аз феъли бади худ беватану бекафан шуданд!

ВОКУНИШ. Рӯбоҳ дар ниқоби гусфанд ба макри нав даст мезанад. Наҳзатиёни беватану бекафан таҳти роҳбарии хоҷагони хориҷии худ, ки ба онҳо паногоҳи сиёси додаанд, иттиҳоди бо номи нав «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро ташкил кардаанд. Иттиҳоде, ки ҳатто хоҷагонашон ҳам аз шарм расман онро эътироф накардаанд.

Солимии ҷомеа – пойдории давлат!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Данғара  дар деҳаи Туябиюни  ҷамоати деҳоти Корез хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал ҷараён дорад

ВАХШ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Ботробод»-и ҷамоати шаҳраки Киров чорабинии ҳизбӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир намуд.

Дар чорабинии мазкур бонувони намунаҳои ҳунарҳои дастии худро ба намоиш гузоштанд.

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ роҳнамои ҷомеа гаштаанд

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Суғуртаи вилоят” тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Яксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” миёни сокинон тарғиб карда шуд

БАЛҶУВОН. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Балҷувон  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар деҳаи Сари Мазори ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳия вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор  намуданд.  

Огоҳии сиёсӣ омили пешгирӣ аз хатарҳои муосир аст

Ҷ.БАЛХӢ. Бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асоев Хизридин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Абдувадуд Дӯстов»-и ноҳия хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб доир гардид.

Мардуми бофарҳангро террористону экстремистон гумроҳ карда наметавонанд

ПАНҶ. Дар маҳаллаи Буркаи  ҷамоати деҳоти К.Сайфутдинови ноҳияи Панҷ бо фаъолон ва аъзои ташкилоти ибтидоии «Нуробод» тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бахшида  ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Мардум барои эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ талош варзида истодаанд

КУШОНИЁН. Бо мардуми  ҳунарманди  деҳаи Бофандаи ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия бо иштироки  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара  ва мудири шуъбаи кор бо занон  ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло, инчу

Аксия ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар амал

КӮЛОБ. Бешубҳа, ободию сарсабзӣ ва рушду шукуфоии кишвар самари неки даврони истиқлолият ва талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Ҳунарҳои мардумӣ бо шаклу услуби замонавӣ дар маҳал рушд карда истодаанд

Ҷ.БАЛХӢ. Дар маҳаллаҳои У.Хайём, Б. Ғафуров, Шарипов, Фирдавсӣ, С.Шерозӣ, ва А. Навоии ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳия  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg