БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самаранок истифода бурдани заминҳои кишт ба манфиати мардум аст

МӮЪМИНОБОД. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар асоси ҷадвали тасдиқнамуда бо кормандони Кумитаи замини ноҳияи  Мӯъминобод хониши сиёсӣ доир гардид.  

Дар хониши сиёсӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кумитаи замин”-и ноҳия И.Амиров иштирок намуда, фикру ақидаҳои худро баён карданд.

Дар хониши сиёсӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон ва сафарбар кардани онҳо ба сафҳои Артиши миллӣ дар мавсими тирамоҳӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, пешгирии гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои  дар кишвар мамнуъ ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳи 24, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ баррасӣ карда шуданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg