БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Илму дониш ва сарватҳои зеҳнӣ нерӯи тавоно баро рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад

ДӮСТӢ.  Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ аз тарафи кормандони масъули ҳизб дар байни устодону касбомӯзони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ОКТ-25»  хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар  байни устодону касбомӯзон мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷалолов Абубакр оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, эълон гардидани  соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд.

Иштирокдорон дар қисмати фарҳангии чорабинӣ  ҳамагон аз маҳсули  дастии касбомӯзон дидан карданд.  Зимни боздид и.в.раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қурбонов Абдулҳафиз оид ба  ривоҷу равнақ  додани ҳунарҳои мардумӣ касбомӯзонро  тавсияҳои судманд дод.  Директори Литсейи касбӣ-техникии №25 Мирзоев Валиҷон ҳамзамон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ қайд намуд, ки мо устодон ва касбомӯзон ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg