БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

18 Август 2021

ФУТБОЛ – ОМИЛИ МУТТАҲИДКУНӢ ВА ТАНДУРУСТӢ

ШАҲРИТУС. Даври дуюми мусобиқаи Футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” миёни ҷавонони деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Шаҳритус ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ шурӯъ шуд.

ШОМИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ДӮСТӢ

ДӮСТӢ. Дар доираи озмунҳои ҳизбӣ, бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тамоми деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Дӯстӣ чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони "Шоми Истиқлол" баргузор гардида истодаанд.

ФУТБОЛ ЯКЕ АЗ БОЗИҲОИ МАЪМУЛУ МАШҲУР

ҶАЙҲУН.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва дар робита бо Кумитаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаи варзишӣ оид ба фуболи хурд баҳри дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» байни дастаҳои футболи “Амонатбонк” ва дастаи “Ҷамоати деҳоти Қумсангир”-и ноҳия мутобиқи Низомнома ва ҷадвали таҳиягардида баргузор гардид.

БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ОМОДААНД

Н.ХУСРАВ.  Бо мақсади ба соли  хониши   нав  омода  намудани  муассисаҳои  таълимӣ дар   ноҳияи Носири Хусрав  корҳои  таъмиру тармими     синфхонаҳо ва қисми берунии биноҳои  муассисаҳои таълимӣ  роҳандозӣ гардида,  аз таъмир  бароварда  шуданд. 

ЧӢ ГУНА ХУД ВА АҲЛИ ОИЛАРО АЗ КОРОНАВИРУС ЭҲТИЁТ НАМУД?

Н.ХУСРАВ.  Корҳои  фаҳмонидадиҳию  таблиғотии оид ба   роҳҳои  пешгирии   сироятёбӣ    аз  КОВИД-19,  коронвирус миёни   сокинон  ҳамарӯза  роҳандозӣ  шуда   истодааст.

АКСИЯҲОИ ҲИЗБӢ БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Н.

СОЛИМИИ ҲАР ЯКИ МО АЗ ХУДИ МО ВОБАСТА АСТ!

ҲАМАДОНӢ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус бо кормандони нозироти андоз суҳбат гузарониданд.

ХОИНОНИ МИЛЛАТ ФАРҚЕ АЗ ҲАЙВОН НАДОРАНД

ВОКУНИШ. Инсон мавҷудотест, ки, пеш аз ҳама, дорои шараф ва номус аст, вагарна инсони шарафу номус гумкарда ҳеҷ фарқе аз ҳайвон надошта, маънои ҳастияш гум шудааст.

ФАРҲАНГ- ТАҶАССУМГАРИ СИМОИ МАЪНАВИИ ХАЛҚ

ПАНҶ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ»  эълон намудааст, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ вобаста ба тақвият бахшидани фаъолияти ҳунармандон, аз ҷумла ҳавасмандгардонии духтарон дар ин самт тариқи ташкили чорабиниҳои гуногуни шавқангез ва дар ин замина сазово

ТУҲФАИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ҶАЙҲУН. Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ПрезидентииҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҳар як оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намудани китоби "Тоҷикон" мебошад, ба ноҳияи мо низ расид.

ҚУРЪАКАШИИ ДАВРИ ДУЮМИ ДАСТАҲОИ ФУТБОЛИ ҒАЙРИКАСБӢ

КӮЛОБ.  Дар толори хурди Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб чорабинии қуръакашӣ миёни дастаҳои ғйрикасбии футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Гулрухсор Шарифзода, роҳбарони дастаҳо ва дигарон баргузор гардид.

БАРГУЗОРИИ МАРҲИЛАИ ДУВВУМИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД ДАР КӮЛОБ

КӮЛОБ. Дар асоси дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ  бо ибтикори Кумитаи иыроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб даври дуюми мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” миёни дастаҳои футболи ғайрикасбии деҳоту маҳллаҳои шаҳр оғоз гардид.

МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

КӮЛОБ.  Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 машварати августии омӯзгорони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

ТАҲДИДИ ХАТАРҲОИ СИЁСӢ ВА ПЕШГИРИИ ОН

АНДЕША.  Масъалаи муҳиме, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст муташанниҷ будани вазъи сиёсӣ дар қисми аз мамлакатҳои исломӣ ба хусус кишварҳои Ховари Миёна, задухурдҳои мусаллаҳона ва  шомил шудани ҷавонону наврасон ба гуруҳҳои экстремистию террористӣ мебошад.

ЁРИИ МЕТОДӢ БА ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ЁВОН. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  Р

МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ АЗ ТАЪМИР БАРОВАРДА ШУДАНД

ЁВОН. Дар ноҳияи Ёвон беш аз 80 адад муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд. Дар мавсими таътили тобистона бо дастгирии соҳибкорон, волидайни хонандагон ва шахсони саховатпеша синфхонаҳо аз таъмир бароварда шуданд.

ТОЗА НАМУДАНИ МУҲИТИ АТРОФ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

ДӮСТӢ. Дар доираи корҳои ободонӣ раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Дӯстӣ дар партави Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!”  иқдом гирифтанд, ки гирду атрофи биноҳоистиқоматӣ  ва шафати роҳҳои мошингузару одамгузарро  аз хасрӯбаву партовҳо  тозаю зебо гардонанд.

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

АНДЕША.  9-уми сентябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст. Санаи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳодисаи тақдирсоз аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

ҲИФЗИ МАРЗ АЗ ДУШМАН РИСОЛАТИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

ВОКУНИШ.  Таърих гувоҳ аст, ки аз азал халқи тоҷик дар нигоҳдории марзу буми Ватани худ ҷонбозиҳои беназир намуда, забон, фарҳанг ва ниёгони худро аз аҷнабиёну тахтхоҳон дар амон нигоҳ доштанро рисолати аслии хеш медонистанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол бо чор давлат ҳамсарҳад мебошад. Миллати тоҷик дар ҳамсоядорӣ, меҳмоннавозӣ ва дӯстиву бародарӣ ҳамто надорад.

ЗАНОН ВА 30-СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

АНДЕША. Си соли пурифтихор, си соли сарбаландӣ, си соли саодату хушурӯзгорӣ дастоварди нодири кишвар-ин Истиқлоли давлатӣ, ки  дорои олам-олам гавҳарот аст, барои фаъолияти корӣ ва рузгори  мо бонувон-занон низ бетаъсиру бенатиҷа нест.

САЛОМАТӢ ГАВҲАРИ НОЁБ АСТ

Ҷ.БАЛХӢ. Зери ин шиор бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаи Ҳосилоти ҷамоати деҳоти Навоӣ вохӯриҳо баргузор намуда, ба сокинон варақаҳои тавсиявиро дастрас  карданд.

ҲАҚИ УСТОД АЗ ПАДАР БЕШ АСТ...

АНДЕША.  Воқеан ҳам заҳматҳои устодон арзандаи таҳсину офарин аст. Заҳматҳо ва талошҳои устодон аст, ки мо соҳиби илм мешавему ояндаи худро месозем. Каме ғарқи дунёи кӯдакӣ мешавем. Тассавур кунед, ки рӯзи аввале, ки ба мактаб меравӣ танҳо дар фикрат андешаҳои бозиҳои кӯдакона аст. Вақте, ки паси мизи дарсхонӣ менишинӣ,  аввалин сухане, ки устод ба мо мегӯяд чӣ аст?  Салом бачаҳо! Ба  ҳамин сар мешавад дунёи рангини кӯдакӣ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg