БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

17 Август 2021

АСОСИ ПЕШРАФТИ  ҶОМЕАИ МО АЗ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ  ВАТАН АСТ!

АНДЕША. Соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар ҷашнҳои таърихӣ барои мардуми мо санаи хеле мубораку тақдирсоз аст. Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон  шинохти миллат ва давлатамон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳар чӣ бештар маъруфият пайдо карда, сатҳу сифати зиндагӣ дар дурдасттарин манотиқи кишвар сол то сол беҳтар гардида истодааст.

МАОРИФ ЯКЕ АЗ СОҲАҲОИ МУҲИМ БА ҲИСОБ РАФТА, ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС НАҚШИ АСОСӢ ДОРАД

ҶАЙҲУН. Дар қасри Фарҳанги ноҳия машварати августии кормандони шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷайҳун  баргузор гардид.

МАШВАРАТИ  АВГУСТИИ  ОМӮЗГОРОН  БАРГУЗОР  ГАРДИД

Н.ХУСРАВ. Машварати   августии  кормандони  соҳаи  маорифи  ноҳия  баргузор  гардид. 

ХУД ВА АҲЛИ  ОИЛААТОНРО АЗ КОРОНАВИРУС ЭҲТИЁТ НАМОЕД!

Н. ХУСРАВ. Масъулини  Кумитаи  иҷроия бо  мақсади  ба  сокинон  фаҳмонидани  роҳҳои  пешгирии   сироятёбии    аз  вируси  КОВИД-19,  корҳои фаҳмондиҳиву  таблиғотиро  дар деҳаву маҳал ҳамарӯза  роҳандозӣ  намуда  истодаанд.

ДАР МАШВАРАТИ  АВГУСТӢ  ФАЪОЛОН ҚАДРШИНОСӢ ГАРДИДАНД

ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Темурмалик Аминзода Фотеҳи Файзулло машварати августии кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии соҳаи маорифи ноҳияи Темурмалик, дар мавзӯи “Дастовард ва комёбиҳои аҳли маориф дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Ра

ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАСТОВАРДИ МУҲИМИ ТАЪРИХИСТ

АНДЕША.  9-уми сентябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст: санаи  эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳодисаи тақдирсоз аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

ОЗМУНҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ

ПАНҶ. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ миёни  сокинон ва ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ озмунҳои ҳизбии “Беҳтарин маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ”, “Меҳмонхонаи беҳтарин”, “Ташкилоти ибтидоии сол”, “Беҳтарин иншооти гигиенӣ”, “Беҳтарин кӯча” ва “Хонаи тоза” баргузор гардида истодааст.

30-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ПАНҶ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Панҷ Конференсияи илмӣ-назарияҷӣ дар мавзӯи «30-соли Истиқлоли давлатӣ» баргузор гашт.

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ НИШОНА АЗ ТАЪРИХИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТАНД

ПАНҶ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» бахшида ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ЛЕВАКАНТ

ЛЕВАКАНТ. Дар қасри фарҳанги шаҳр машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Левакант доир гардид. Дар он раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон Авғонова Г, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Олимзода Низора., директорону мудирон, омӯзгорону мураббияҳо ва хонанадагони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.

МО БО ҲАМ ВАТАНАМОНРО МЕСОЗЕМ!

ҚУБОДИЁН. Бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бо ташаббус ва дастгирии  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб  2000 м2 роҳи автомобилгарди Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов пурра сангфарш гардида дар оянда боз 2000 м2 –ро пурра асфалтпӯшт менамояд. 

ҲАДАФИ ҲИЗБИЁН ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶОМЕА!

ҚУБОДИЁН. Дирӯз дар кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён чорабинии ҳизбӣ, аз ҷумла корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

СОЛИМИИ МИЛЛАТ БАҚОИ ДАВЛАТ

ҚУБОДИЁН. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бо сокинони кӯчаи Исмоили  Сомонӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус суҳбат намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотиро дастрас карданд.

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ТАЪМИРӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

ДӮСТӢ. Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ  таъмири ҷории мактабҳо хуб ҷараён дошта, маорифчиёни ноҳия азм доранд то оғози соли  нави таҳсил бино ва синфхонаҳои муассисаҳои таълимиро  пурра аз таъмир бароранд.

БА ҲАР ЯК ОИЛА ЯК ТУҲФА

ДӮСТӢ. Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ПрезидентииҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҳар як оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намудани китоби "Тоҷикон" мебошад, ба ноҳияи Дӯстӣ низ расид.

ДАР ОБОДОНИИ МАҲАЛЛИ ЗИСТИ ХУД САҲМГУЗОР БОШЕМ!

ДӮСТӢ.  Дар доираи нақша-чорабиниҳо вобаста ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ, гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони ташкилоту идораҳо ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ таъсис дода шудааст.

СОХТМОНИ  МУАССИСАҲОИ  ТАЪЛИМӢ  БАРОИ  ХОНАНДАГОН

ДАНҒАРА.  Дар  доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” бахшида  ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатманд ва аъзои фаъоли ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Оқсу дар деҳаи Файзбахш  сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16, ки иборат аз 3  ошёна мебошад,  кор бо маром  рафта истодааст.

ДАСТГИРИИ МУНТАЗАМИ ВАКИЛОН БА ОИЛАҲОИ ЗАРАРДИДА

ВОСЕЪ. Барои барқарор намудани иншоотҳои зарардидаи шаҳрвандони деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ, ки баҳори ҳамин сол аз офати табиӣ осеб дида буданд, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ғафоров Сайдумар хиштҳои сементӣ кумак намуд.

ДАВРАИ ДУЮМИ ВАКСИНАГУЗАРОНӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ВОСЕЪ. Бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №5” давраи дуюми ваксинагузаронӣ  доир карда шуд. Гузаронидани ваксина айни ҳол дар саросари кишвар ҷараён дошта, бо ин васила шаҳрвандон аз сироятшавӣ ва ҳолатҳои вазнини бемории сироятии коронавирус наҷот дода мешавад.

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД МИЁНИ ДАСТАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ РӮДАКӢ

ВАХШ.  Барои дарёфти «Ҷоми ҲХДТ» миёни дастаҳои Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш, ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ футболи ғайрикасбӣ марҳила ба марҳила идома дорад.

ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «МАЪРИФАТЧИЁН»

ВАХШ.  Аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар муассиса интернати нохияи Вахш, бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии «Маърифатчиён» хонишии сиёсӣ гузаронида шуд.

САЛОМАТИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД ДАР ДАСТИ ХУДИ ӮСТ

Ҷ.БАЛХӢ. Зери ин шиор бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаи Ҳосилоти ҷамоати деҳоти Навоӣ вохӯриҳо баргузор намуда, ба сокинон варақаҳои тавсиявӣ дастрас карданд.

НӮРЕСТ БА ДИДАГОНИ МО ИСТИҚЛОЛ...

АНДЕША. Дар партави Истиқлолияти давлатӣ инчунин, ташаккули низоми иқтисодии мамлакат ва раҳоии кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ муяссар гашт ва мо аз ҳолати буҳрони амиқ баромада,  ба марҳалаи рушди ҳамаи соҳаҳо қадам гузоштем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg