ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Темурмалик Аминзода Фотеҳи Файзулло машварати августии кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии соҳаи маорифи ноҳияи Темурмалик, дар мавзӯи “Дастовард ва комёбиҳои аҳли маориф дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ба шаш нафар омӯзгор барои эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҲХДТ ва масъулиятшиносию фаъолнокӣ нишон доданашон дар пешбурди корҳои ҳизбӣ ва таълиму тарбияи насли наврас сипоснома ва туҳфаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Инчунин, аз ҳисоби муассисаҳои соҳаи маориф вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд.