АНДЕША. Дар партави Истиқлолияти давлатӣ инчунин, ташаккули низоми иқтисодии мамлакат ва раҳоии кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ муяссар гашт ва мо аз ҳолати буҳрони амиқ баромада, ба марҳалаи рушди ҳамаи соҳаҳо қадам гузоштем.
Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишони пойдориву бақои миллат аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябр - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Истиқлолият яке аз идҳои асосии расмии давлати Тоҷикистон аст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", 9 сентябр - ҳамчун "Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян гардидааст. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокорона расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ҳодисаи тақдирсоз аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 30-сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзи давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиклоли миллӣ ҳама ҷониба ба ободкорӣ ва ҳамзистии осоиштагӣ мекушад. Рамзҳои асосии давлати мо нишони миллӣ, парчами миллӣ, пули миллӣ мебошад. Фарзандони миллат дар қувваҳои мусаллаҳи давлати хеш адои хизмати Ватан-Модарро ба ҷо меоранд. Имрӯз миллати сарбаланди тоҷик бо ифтихори бузурги миллӣ аз дастовардҳои бузурги истиқлол чунин иншоотҳои азими кишвар, сохтмонҳои НБО-и Роғун, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, «Нақби Истиқлол», «Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб» ва садҳо иншоотҳои дигар ба истифода дода шудаанд. Воқеан Истиқлолият барои ҳар як халқу миллат сарвати ниҳоят арзишманд буда, ҳастиву бақои миллату давлат ва озодиву сарфарозии ҳар як фарди ҷомеа ба он алоқаманд аст. Боварии комил дорам,ки сокинони шуҳратёри Қубодиёни бостонӣ низ чун тамоми мардуми Тоҷикистони азиз ин санаи азизу муқаддас-Истқлолияти давлатиро бо дастовардҳои хуби меҳнатӣ, дар руҳияи баланди фарҳангӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.
Бо ин нияти нек, аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро бо ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як фарди Тоҷикистон хонаи обод, сиҳатию саломатӣ, шодию фараҳ, дастархони пур аз нозу неъмат ва дар корҳои ояндаашон баҳри пешрафту инкишофи кишварамон бурдбориҳо таманно менамоям.
Иди Истиқлолият муборак, ҳамватанони азиз!
Ҷумаев Алиҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён