ВОСЕЪ. Бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №5” давраи дуюми ваксинагузаронӣ доир карда шуд. Гузаронидани ваксина айни ҳол дар саросари кишвар ҷараён дошта, бо ин васила шаҳрвандон аз сироятшавӣ ва ҳолатҳои вазнини бемории сироятии коронавирус наҷот дода мешавад.
Қайд кардан бо маврид аст, ки ҷиҳати ҷалби аҳолӣ ба гузаронидани ваксина мутасаддиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҳамарӯза ба роҳ мондаанд.