БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАСТОВАРДИ МУҲИМИ ТАЪРИХИСТ

АНДЕША.  9-уми сентябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст: санаи  эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳодисаи тақдирсоз аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.Инак дар рӯзҳои наздик мардуми шарфманди тоҷик  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар як фазои орому осуда ҷашн мегиранд.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Имрӯз агар мо ҳарҷанд оид ба дастовардҳое, ки дар замони соҳибистиқлолӣ  гуфта  гузарем  хело кам мебошад. Яке аз дастовардҳо ин тадбиқи ҳадафи стратегии кишвар- таъмини истиқлолияти энергетикӣ мебошад.

Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо карданд. Аз ҷумла, сохтмони нерўгоҳҳои барқи обии «Сангтўда-1» ба охир расонда шуд ва он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. НОБ-и «Сангтўда-2», як қатор нерўгоҳҳои хурд ба кор даромаданд. Хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқи Ҷануб- Шимол, Лолазор -Хатлон, Лолазор - Сангтўда-1 ба истифода дода шуданд. Дигар аз чунин иншооти  стратегӣ НОБ-и Роғун ба ҳисоб меравад, ки аввалин чархаи он 16 ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд. Дар маҷмӯъ он аз шаш чарха иборат буда, қудрати ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳанд. Сохтмони НОБ-и Роғун аз соли 2008 дубора оғоз гардидааст. Ҳамон сол дар НОБ -и Роғун 635 нафар коргар ва 46 адад техника ва механизм ба кор шурӯъ кард. Ҳоло бошад дар он ҷо беш аз 21 ҳазор нафар мутахассисон ва коргарон, ки аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд, кор мекунанд. Имрӯз Тоҷикистон сохибихтиёр аст. Самараи неки истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омузиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст.

Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад. Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон.

Сафархони Муҳаббат, мудири шуъбаи молия-сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар н.Восеъ                                          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg