ВОСЕЪ. Барои барқарор намудани иншоотҳои зарардидаи шаҳрвандони деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ, ки баҳори ҳамин сол аз офати табиӣ осеб дида буданд, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ғафоров Сайдумар хиштҳои сементӣ кумак намуд.
Бояд қайд намуд, ки вакилони ноҳиявӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар бартараф намудани мушкилоти мардум талош варзида, худро ҳамавақт дар канори мардум мемонанд.
Ғафоров Сайдумар узви фаъоли ҲХДТ ва роҳбари гурӯҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мебошад, ки мунтазам ба нафарони ниёзманд кӯмаку дастгириҳои худро дареғ намедорад.
То ин муддат беш аз 1000 нафар шаҳрвандон аз кумаку дастгириҳои ин шахсияти саховатпеша бархурдор гардиданд.