БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

30-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ПАНҶ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Панҷ Конференсияи илмӣ-назарияҷӣ дар мавзӯи «30-соли Истиқлоли давлатӣ» баргузор гашт.

Дар чорабинии мазкур узви КИМ ҲХДТ раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон, мудири маорифи ноҳия Асомиддинзода Шарофиддин, омӯзгорон ва роҳбарони ташкилоту идораҳо иштирок доштанд.

Зимни баромад раиси ноҳия қайд намуд, ки  имсол бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ шуд. Тайи ин солҳо асосҳои конститутсионӣ ва қонунии Тоҷикистон пойдор гардида, самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, роҳу равиши робитаҳои хориҷӣ вусъат ёфт, ҳуввияти миллӣ, эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ боло рафт, озодии виҷдон ва фаъолияти созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар доираи қонун ба низом даромад. Дар тафаккури ҷомеа дигаргунии куллӣ падид омад. Инчунин, дар охири чорабинӣ аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроия  ба як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо сипосномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg