БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАОРИФ ЯКЕ АЗ СОҲАҲОИ МУҲИМ БА ҲИСОБ РАФТА, ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС НАҚШИ АСОСӢ ДОРАД

ҶАЙҲУН. Дар қасри Фарҳанги ноҳия машварати августии кормандони шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷайҳун  баргузор гардид.

Дар раванди баргузории ин машварат мудири шуъбаи маорифи ноҳия ва якчанд директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ оиди фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳия ҳисобот дод. Сипас, раиси ноҳияи Ҷайҳун суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки: “Маориф- яке аз соҳаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, дар таълиму тарбияи насли наврас нақши асосӣ дорад. Аз ин лиҳоз моро мебояд, ки сатҳу сифати таълимро дар муассисаҳои таълимӣ баланд бардошта, дар оянда бо волидайни таълимгирандагон дар робитаи зич қарор гирем”.

Дар охир якчанд кормандони шуъбаи маорифи ноҳия бо Ифтихорномаю туҳфаҳо аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия сарфароз гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg