БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАШВАРАТИ  АВГУСТИИ  ОМӮЗГОРОН  БАРГУЗОР  ГАРДИД

Н.ХУСРАВ. Машварати   августии  кормандони  соҳаи  маорифи  ноҳия  баргузор  гардид. 

Дар  чорабинӣ  раиси  ноҳияи  Носири  Хусрав  Нишонзода  Даврон,  муовини   соҳавии  раиси  ноҳия,  раиси  Кумитаи  иҷроияи   дар  ноҳия   Ализода  Сурайё  иштирок  намуданд.      Мудири  шуъбаи  маорифи  ноҳия   Муроталиев  Нурулло  оид  ба  дастовардҳо  ва  бурду  бохти   маорифчиён  дар  соли  хониши  сипаригардида ва  истиқболи  сазовори  30  солагии  Истиқлолияти  давлатӣ  маърӯза  намуд.

Раиси  ноҳия  дар баромади худ аз  фаъолияти  шуъбаи маорифи   мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ноҳия, камбудию  норасогиҳои  мавҷудаи соҳа, фаъолияти  баъзе  роҳбарони муассисаҳои  таълимӣ   эродҳо  гирифта,   ҷиҳати  рафъи  камбудиҳои  ҷойдошта  ба  масъулин дастуру  супоришҳо дода, барои дар  сатҳи баланди  сиёсию  фарҳангӣ  истиқбол  намудани  30-  солагии  Истиқлолияти  давлатии   Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба  аҳли  маорифчиён супоришҳои мушаххас дод.  Як  гурӯҳ  кормандони  соҳа бо  сипосномаҳо  ва туҳфаҳои  хотиравии   мақомоти  иҷрояи ҳокимияти  давлатии  ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Сипас, Ализода  Сураё  баромад  намуда, аъзои  ҳизби ташкилотҳои  ибтидоии  сохтори  маорифи  ноҳияро  вобаста  ба фаъолиятии  ҳизбиашон дар ҷамъбасти  соли  хониш ва  вазифаҳо  дар  соли  нави хониш  таҳлил  намуда,  ба  як  гурӯҳ  аъзои  фаъоли  ҳизб, кормандони  соҳаи  маориф  Сипосномаҳои  ҳизбиро  тақдим  намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg