БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

27 Август 2021

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲО ВА НИҲОЯТ ПУРАРЗИШ

АНДЕША. Тоҷикон аз азал бо арзишҳои инсондӯстонаву муносибати хайрхоҳона ва меҳнати бунёдкорона шӯҳрат ёфтаанд ва бисёр анъанаву суннатҳои неки онҳо ба хазинаи маънавии умумибашарӣ ворид шудаанд.

ЛИБОСИ МИЛЛӢ ПОЯИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ БА ШУМОР МЕРАВАД

АНДЕША. Вақте сухан дар бораи либоси миллӣ меравад, симои зан-модари тоҷик бо сару либоси хосаи зебо пеши назар меояд. Либоси миллӣ ин тараннумгари фарҳанги волои миллат аст. Зан-модари тоҷикро дар навбати аввал аз тарзи либоспӯшиашон мешиносанд. Чакану атлас зеби духтари тоҷик буда, ҳар як нақшу ранги вай гуфтании худро дорад ва ба ҳусни зебои духтари тоҷик зебогии дигарро зам мекунад.

ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ АСТ

ШАҲРИТУС. Аз ҷониби  масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус вобаста ба иҷрои ташкили озмунҳои вилоятӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

ТАҚСИМОТИ КИТОБИ ТОЗАНАШРИ “ТОҶИКОН” –И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

ШАҲРИТУС. Дар асоси  дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони  ноҳияи Шаҳритус китоби тозанашри «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ҳамчун туҳфа ворид гардида, аз ҷониби ташкилоти ибтидоии «Шӯъбаи маориф» ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти но

КОРҲОИ ТАЪМИРУ ТАРМИМИ РОҲҲО ДАР ДЕҲОТ

Н.

МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ СОЛИ НАВИ ХОНИШ ТАЪМИР КАРДА ШУДА ИСТОДААНД

Н.ХУСРАВ.  Ба  соли  таҳсили   нав  тайёр  намудани   муассисаҳои  таълимии  ноҳияи Носири Хусрав  пурра таъмиру тармим гардида,  ба  соли  таҳсил  пурра  тайёр  мебошанд.

МАВОДИ ХӮРОКАРО ДАР МАВСИМИ ЗИМИСТОН АЗ ИМРӮЗ БОЯД ЗАХИРА КАРД

Н.ХУСРАВ.  Мулоқоту  суҳбатҳо бо  усули  «Хона  ба  хона»  ҷиҳати    афзоиш  додани истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ, истифодаи  самараноки обу  заминҳои  корам, дар  асоси дастуру  ҳидоятҳои  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, дар  мулоқоташон  бо фаъолони  вилояти  Хатлон масъулини  Кумитаи  иҷроия ҳафтае  ду  маротиба  рӯзҳои  сешанбе ва панҷшанбе  ба деҳаҳои  ҷамоатҳои  деҳот рафта,  аз 

РОҲИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ГИРИФТАНИ ВАКСИНА АСТ

Н.ХУСРАВ. Корҳои фаҳмонидадиҳию таблтғотӣ оид ба роҳҳои пешгирии сироятёбии аз вируси  КОВИД-19,  коронвирус, дар байни  сокинони  деҳоти  ноҳия  ҳамарӯза  баргузор  гардида истодааанд.

ИСТИҚЛОЛИ МО РАМЗИ ГӮЁИ ОЗОДӢ

АНДЕША. Ҳарчанд истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он то умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасад ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб мегардад. Истиқлоли мо рамзи гӯёи озодии миллату мамлакат ва соҳибихтиёри давлат аст.

СИЁСАТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА МАРХАЛАИ НАВИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР СОҲАИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБӢ-ЭНЕРГЕТИКӢ

АНДЕША. Равандҳои муосир дар шароити чаҳонишавӣ нишон дода истодаанд, ки талошҳои геопалитикии абарқудратҳо баҳри идораи захираҳои табиӣ, бахусус захираҳои гидроэнергетикӣ шадидтар гардида истодааст. Зеро маҳз бартарият дар соҳибияти захираҳои энергетикӣ метавонад давлатҳоро аз лиҳози иқтисодӣ пурқуваттар намуда, мавқеи геопалитикӣ ва геостратегии онҳоро мустаҳкам намояд.

КИТОБИ “ТОҶИКОН”-ШОҲАСАРИ ҶОВИДОН

АНДЕША. Таърих гувоҳ аст, ки   миллати куҳанбунёди тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст.

ҲИЗБИ НАҲЗАТ ВА ХӮСАҲОИ СИЁСӢ ҲАРДУ ЯКТАНАНД

ВОКУНИШ. Ба наздикӣ Ҷумҳурии азизи мо Тоҷикистони гул-гулшукуфон 30- солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирад.  Мо шаҳрвандони баорӯ номуси миллат ин идро хело интизор будем, то ки онро сазовор пешвоз гирем. Зеро мо ҳама хеле хуб медонем, ки чи гуна Истиқлолият ба даст омадааст.

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ЁДГОРӢ АЗ ФАРҲАНГИ ПУРҒАНОВАТИ МИЛЛАТАНД

ПАНҶ.  Дар маҳаллаи Фирдавсии ҷамоати шаҳраки Панҷ бахшида ба ҷашни дар пешистода 30-солагии Истиқлолияти далватии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сокинони ҷамоату маҳаллаҳои ноҳияи Панҷ чорабинии ҳунарҳои мардумӣ  роҳандозӣ  гардид.

ИДОМАИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ БИНОИ ҲИЗБ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ

ПАНҶ. Яке аз иншоотҳои ҷашние, ки дар маркази ноҳияи Панҷ сохташудаистода имрӯз раванди корҳои сохтмонӣ дар он вусъати тоза пайдо намудаанд, бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия мебошад.

ҲХДТ-ҲИЗБИ РАВАНДИ БУНЁДКОРӢ ДАР ВАТАН

ПАНҶ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзишгоҳ”-и ҷамоати шаҳраки Панҷ вохӯрӣ гузаронида, бо ҷалби аъзо ва кормандони ташкилоти мазкур дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” инчунин, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дохили бино сафолакпӯшӣ карда

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg