Н.ХУСРАВ. Ба соли таҳсили нав тайёр намудани муассисаҳои таълимии ноҳияи Носири Хусрав пурра таъмиру тармим гардида, ба соли таҳсил пурра тайёр мебошанд.
Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 20 як ошёна буда, ҳамчун муассисаи замонавӣ дар замони замони Истиқлолияти давлатӣ сохта ба истифода дода шуда буд.
Соли ҷорӣ бо ташаббуси вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Кабирова Раҷабмоҳ ва дастгирии волидайн бинои муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ба соли таҳсили нав пурра тайёр мебошад. Омӯзгорон ба кор баромада, синфхонаҳоро бо асбобу анҷом ва асбобҳои аёнии фаннӣ оро дода истодаанд. Дар маҷмӯъ ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия низ таъмиру тармим карда шуда, ба соли нави таҳсил пурра тайёр мебошанд.