АНДЕША. Равандҳои муосир дар шароити чаҳонишавӣ нишон дода истодаанд, ки талошҳои геопалитикии абарқудратҳо баҳри идораи захираҳои табиӣ, бахусус захираҳои гидроэнергетикӣ шадидтар гардида истодааст. Зеро маҳз бартарият дар соҳибияти захираҳои энергетикӣ метавонад давлатҳоро аз лиҳози иқтисодӣ пурқуваттар намуда, мавқеи геопалитикӣ ва геостратегии онҳоро мустаҳкам намояд. Мубориза барои ба даст овардани ҳар чӣ бештари захираҳои энергетикӣ, аз қабили нафту газ рӯз ба рӯз суръат ёфта истодааст. Дар ин раванд захираҳои обӣ-энергетикӣ низ аҳамияти аввалиндараҷаро касб карда истодаанд ва шадид гаштани мухолифатҳо барои соҳиб гаштан ба мақоми идоракунандаи захирҳои обӣ масъалаест, ки аллакай инсониятро аз пайдоиши боз як манбаи мухолифату низоъ огоҳ намуда истодааст. Маҳз ҳамин сабаб масъалаи тақсимоти захираҳои обӣ, ҳалли баҳсҳои обҳои транссарҳадӣ ва дарёҳои сарҳадгузар, истифодаи дурусти захираҳои обӣ чи аз ҷониби кишварҳои болооб ва чи аз поёноб силсилаи мушкилотест, ки бояд ҳалли мусбӣ ва маслиҳатомези худро ёбад.
Тоҷикистон бо талошҳо ва баромадҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои бонуфузи дунё, бахусус Созмони Миллали Муттаҳид яке аз кишварҳои дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ ва ташаббускори асосӣ дар ҳалли проблемаҳои вобаста ба об пазируфта шудааст. Роҳбари давлат дар Паёмҳои аввалини худ ба Маҷлиси Олӣ энергетикунонии мамлакатро вазифаи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон баён намуда, барои татбиқи он диққати аввалиндарачаро равона намуд. Зеро дар шароити имрӯза эҳсос мегардад, ки асоси пешрафти иқтисодиёти Тоҷкистон ба он вобаста буда, бо фароҳам овардани энергетикикунонии кишвар саноатикунонии мамлакат вусъати асосии худро пайдо карда, боиси афзун гардидани ҷойи нави корӣ ва рушди коркарду истеҳсолот хоҳад шуд. Дар вокеъ ин иқдоми Сарвари давлат заруриати асосиро барои рушди иқтисоди кишвар касб намуда, ба ҳадафи муҳими стратегии мамлакат табдил ёфт.
Дар робита ба ин қобили таъкид аст, ки Ҷумҳурии Узбекистон яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон дар истифодаи босамари захираҳои обӣ ва бакарат зиёд намудани истеҳсоли энергияи сабз ба манфиати ду кишвар маҳсуб меёбад.
Муносибатҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардида, аз соли 1995 дар шаҳри Тошканд Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Тоҷикистон аз аввали барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ бо Ӯзбекистон дурнамои рушди иқтисодӣ, бахусус интиқоли энергия, мавқеи ҷуғрофӣ ва муносибатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқҳои ду кишварро ба инобат гирифта, ба рушду таҳкими минбаъдаи хамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Ба ҳолати имрӯза асоси шартномавию хуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро 111 созишнома ва аҳднома ташкил медиҳанд, ки аз соли 1992 то имрӯз дар сатҳҳои байнидавлатӣ байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расиданд.
Баргузории ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва масъалаҳои сарҳадӣ (августи соли 2002 ва феврали соли 2009) гувоҳи он аст, ки раванди муносибатҳои ду кишвар тамоюли густаришёбандаро ба худ касб менамояд. Аҳамиятнокии ҷаласаҳои номбурда дар он асос меёфт, ки мушкилиҳои дар муносибатҳои тарафайн ҷойдошта таъкид гардида, роҳҳои халли он муайян карда мешавад. Аз ҷумла, дар рафти ҷаласаҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи электроэнергетика, хоҷагии об, саноат, нақлиёту коммуникатсия ва ҷалби васеи доираҳои соҳибкорӣ ва саноати ду кишвар ба раванди тавсеаи муносибатҳои тиҷорию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба натиҷаҳои он протоколҳои марбута ба имзо расиданд.
Аммо гарчанде оид ба хариду фурӯш ва зиёд намудани истеҳсоли энергияи сабз созишномаҳо имзо шуда бошанд ҳам, солҳои зиёд манфиати мусбии онҳо баҳри рушди иқтисоду инфрасохтори ҷонибҳо зери суол қарор дошт. Яке аз иншоотҳои иқтисодии Тоҷикистон ин Нерӯгоҳи обӣ барқии Роғун мебошад, ки нафақат барои кишвари мо балки барои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Ӯзбекистону Туркманистон ва Кирғизистону Афғонистон манфиатовар хоҳад буд. Иқтидори лоиҳавии он 3600 МВт соатро ташкил дода, арзиши умумии он маблағи беш аз 3 миллиард доллар мебошад. Вобаста ба ин роҳбарияти олии онвақтаи Ӯзбекистон аз аввали оғози сохтмони нерӯгоҳ масъалагузорӣ намуд, ки Роғун хатари экологиро доро буда, дар пойгоҳи заминларза қарор дорад. Ҳамзамон Ӯзбекистон баҳс дошт, ки то пур шудани обанбори нерӯгоҳ маҷрои оби дарёҳои транссарҳадӣ ба кишварҳои поёноб бахусус Ӯзбекистону Туркманистон кам гардида, боиси сар задани хушксолӣ дар минтақа хоҳад шуд. Аз аввали оғози сохтмон якчанд кишварҳо хостанд, ки дар бунёди он саҳм гузоранд. Аммо ба хотири он, ки ҷониби Россия шарики боэътимоди Тоҷикистон ба ин иншоот таваҷҷухи зиёд дошт, роҳбарияти мамлакат тасмим гирифт, ки бо ин давлат шартнома бандад. Лекин дар ин муддат роҳбарияти онвақтаи Ӯзбекистон ин тарҳи иқтисодиро натанҳо масъалаи байналмилалӣ арзёбӣ кард, балки онро ба баҳси сиёсии минтақа табдил дод. Аз ин лиҳоз ҷониби Россия аз саҳмгузорӣ намудан дар сохтмони ин иншоот канорагирӣ намуда, пешниҳод намуд, ки Тоҷикистон бояд оғози сохтмони нерӯгоҳро ҷиҳати бехатарии экологӣ доштанаш бо давлатҳои ҳамсоя мувофиқа намояд. Аммо коршиносони соҳа муайян намуданд, ки Роғун хатари экологиро молик набуда, бо сабаби зиёд будани захираи обии Тоҷикистон ҳаҷми оби дарёҳо ба кишварҳои ҳамсоя коҳиш нахоҳад ёфт. Боиси қайд аст, ки айни замон муносиботи бисёрсамтаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар марҳалаи нави рушд қарор дошта, ҳамкории ҷонибҳо дар самти захираҳои гидроэнергетикӣ таҳким ёфта истодаанд.
Санаи 9-10 марти соли 2018 Президенти нави Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бори аввал ба ҳайси Президент бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод. Ин сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон сафари таърихӣ унвон гардид, зеро якбора 27 санади хамкориҳои дуҷонибаи ду кишвари дӯсту ҳамсоя имзо гардида, нақшаву дурнамои ҳамкорӣ барои даҳсолаҳои минбаъда муайян гардиданд. Зимни сафари ҳайати расмии Ӯзбекистон масоили гидроэнергетика аз ҷумла, ҷонибдорӣ намудан аз баистифодадиҳии нерӯгоҳи Роғун, хати баландшиддати КАСА-1000 ва истифодаи босамари оби тозаи кулли Сарез ба роҳ монда шуд. Љониби Ӯзбекистон иброз намуд, ки бунёди ин лоиҳаҳои иқтисодии бузург ба иқтисодиёти ду кишвар манфиатдор хоҳад буд, зеро Ӯзбекистон имконият пайдо менамояд, ки энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзонро аз Тоҷикистон харид намуда, саноату истеҳсолотро аз ҳисоби ин нерӯи барқ, ки аз ҷиҳати экологӣ бехатар мебошад, ба роҳ монад. Инчунин, ин омил имконият фароҳам меорад, ки Ӯзбекистон захираҳои дигари табиии худ аз ҷумла нафту газро ба дигар кишварҳои ҳамсоя содирот намояд.
Дар марҳалаи кунунӣ лоиҳаи муҳими дигар амалисозии барномаи КАСА-1000, ки боиси аз байн бурдани норасогии қувваи барқ дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ хоҳад гашт, идома дорад. Ба ақидаи Лора Так- ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ доир ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мақсади барнома ин бунёди шабакаи боэътимоду босамари таъминот ва интиқоли нерӯи барқи зиёдатии кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, ба ҳадафҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба решакан кардани шаклҳои бадтарини камбизоатӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум мувофиқат мекунад. Директори минтақавии Бонки чаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаҳ низ дар посухи худ таъкид намудааст, ки байни лоиҳаҳои КАСА-1000 ва нерӯгоҳи Роғун ҳеҷ иртибот мавҷуд нест. Вале дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун ва бакарат зиёд шудани нерӯи барқ низ касе ва давлате хуқуқи монеъ шудан ба содироти онро надорад, зеро ин фақат хаққи Тоҷикистон аст. Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аз ҷумла Узбекистон нафту газро доро мебошад, аммо Тоҷикистон барои истеҳсоли нерӯи барқи арзон аз манбаъҳои табиӣ барқароршаванда ва аз нигоҳи экологӣ тоза захираю имкониятҳои бузургтар дорад.
Ҳамаи ин бартариятҳо боис гардиданд, ки кишварҳои ҳамсоя сохтмони бошиддати нерӯгоҳи Роғун ва хати барқи КАСА-1000-ро дастгирӣ намуда, ба истфода додани ин иншоотҳои муҳими стратегиро ба маркази минтақавии тиҷорати нерӯи барқи арзону тоза мубаддал гардидани Тоҷикистон ва таъмини пурраи нерӯи сабз дар минтақа унвон намудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 72-юми Ассамблеяи гинералии Созмони Миллали Муттаҳид, ки ба муносибати оғози расмии ташаббуси чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» аз 20 то 23 марти соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорки Штатҳои муттаҳидаи Америка доир гардида буд, иброз намуданд; «Тоҷикистон дар истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ ва оби дарёҳои сарҳадгузар ба ягон кишвар монеъа эъчод накардааст ва нахоҳад кард, балки баҳри ҳалли масоили об ва энергетика худро дар канор нагирифта, кӯшиш менамояд, ки онро ба манфиати минтақаи Осиёи Марказӣ истифода намояд».
Бо ин накшаву дурнамои Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон, итминонамон комил аст, ки кишвари мо дар ояндаи наздик ба яке аз шарикони боэътимод дар бозори энергетикии Осиёи Марказӣ табдил ёфта, муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи дипломатияи обӣ-энергетикӣ таҳким хоҳанд ёфт.
Самиев Муртазо, муовини раиси Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар шахри Левакант