ПАНҶ. Дар маҳаллаи Фирдавсии ҷамоати шаҳраки Панҷ бахшида ба ҷашни дар пешистода 30-солагии Истиқлолияти далватии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сокинони ҷамоату маҳаллаҳои ноҳияи Панҷ чорабинии ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид.
Нахуст, меҳмононро наврасон бо шеърхонӣ дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Парчами давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва Истиқлолият пазируфтанд. Баъдан меҳмонон аз намоиши нигораҳои ҳунармандони маҳал дидан намуданд.