БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

10 Август 2021

ДАВРИ НИҲОИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, даври ниҳоии мусобиқаи футболи хурд, барои дарёфти "Ҷоми ҲХДТ" байни дастаҳои "Марказ" ва "Рӯдакӣ" баргузор карда шуд. Дар натиҷа дастаи "Марказ" ба дастаи "Рӯдакӣ" ғолиб омада, сазовори ҷойи якум гардид.

АКСИЯИ ҲИЗБӢ БАХШИДА ҶАШНИ 30- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” баҳри истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Тозагии муҳит » бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳандозӣ гардид.

БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКАИ ФУРӮШИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

Н.ХУСРАВ.  Бо  мақсади таъмини  дастуру  супоришҳои  Пешвои  миллат –Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  оид  ба  роҳ  мондани таъмини  хонандагони  муассисаҳои  таълимии  шаҳру  ноҳияҳои  кишвар  бо  либоси  ягонаи  мактабии  истеҳсоли  худӣ,  ярмаркаи фурӯши либоси мактабӣ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  доир гардид.

ТАЪМИНИ ШАРОИТИ МУСОИД ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

ТЕМУРМАЛИК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Савда” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид Аксияи ҳизбии зери унвони “Якҷоя месозем !” баргузор гардид.

ИСТИҚБОЛ АЗ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ҶАЙҲУН. Баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Преиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва бо иқдоми ташкилоти ибтидоии “Куҳдоман” зиёда 8,2 километр кӯчаҳои деҳаи “Кӯҳдоман”-и Ҷамоати деҳоти Панҷ сангфарш карда шуд.

ИСТИҚЛОЛИЯТ ГАНҶИ БЕБАҲОСТ!

АНДЕША. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

СОЛИМИИ ҶОМЕА СОЛИМИИ МИЛЛАТ АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус СOVID-19 миёни сокинон бо усули “хона ба хона” ва «кӯча ба кӯча» дар дар маҳаллаи Явонободи Ҷамоати деҳоти Навоӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, оид ба аз нав хуруҷ ёфтани бемории сироятии коронавирус, бе ниқоби муҳофизатӣ гаштугузор накардан мулоқот доир намуданд .

ҒОЛИБИ ОЗМУН МЕШАВАМ

ПАНҶ. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ миёни  сокинон ва ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ озмунҳои ҳизбии “Беҳтарин маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ”, “Меҳмонхонаи беҳтарин”, “Ташкилоти ибтидоии сол”, “Беҳтарин иншооти гигиенӣ”, “Беҳтарин кӯча” ва “Хонаи тоза” баргузор гардида истодааст.

БЕНИҚОБ НАБОШ!

ПАНҶ. Аз ҷониби  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сулҳ”-и ҷамоати шаҳраки Панҷ  бо усули ”хона ба хона” ва “кӯча ба кӯча” дар кӯчаву  роҳравҳои маҳалла сокинон бениқоб сайругашт мекарданд, баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус  маводҳо, аз қабили ниқобҳои тиббӣ, вар

МАКТАБ ДАРГОҲИ МУҚАДДАС АСТ

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Панҷ бо ҷалби аъзои ҳизб, омӯзгорон, падару модарон деворҳои гирду атрофи муассиса рангубор карда шуда, пурра дохили синфхонаҳо аз таъмири босифат бароварда шуд ва барои таҳсили хонандагон дар синфхонаҳои барҳаво шароити мусоидат фароҳам ова

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХИЗМАТИ ХАЛҚ АСТ!

ПАНҶ. Субҳи дирўз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи “20 солагии Истиқлолият”-и ҷамоати шаҳраки Панҷ баҳри саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бар зидди  паҳншавии пандемияи COVID-19 аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба онҳо

БАРОИ ФАРЗАНДОНАМОН ШАРОИТИ МУСОИДИ ТАҲСИЛРО ФАРОҲАМ МЕСОЗЕМ!

ПАНҶ. Дирӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар боғчаи бачагонаи №3-и ноҳия бо ҷалби аъзои ҳизб, омӯзгорон деворҳои гирду атрофи муассиса рангубор карда шуда,  дохили ҳуҷраҳо дар рафти  таъмир қарор доранд.

ВАРЗИШ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ

НОРАК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  дар асоси Низомномаи баргузории мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” байни дастаҳои футболи ғайри касбии шаҳру ноҳияҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бахшида ба 30 – солагии Истиҷлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, байни дастаҳои футболи  ғайри касбии деҳаю  маҳаллаҳои  шаҳри Норак  му

ДАР ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС ГИРИФТАНИ ВАКСИНА МУФИД АСТ

Н.ХУСРАВ. Бо  мақскади  ба  сокинон  фаҳмонидани  роҳҳои  пешгирии   сироятёбӣ   аз  вируси  КОВИД-19  масъулини  Кумитаи  иҷроия  аксияҳои  фаҳмондадиҳиву  таблиғотиро  дар байни  сокинони  деҳот ҳамарӯза  роҳандозӣ  намуда  истодаанд.

ОБОДИИ КИШВАР АЗ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ВАТАНСОЗИИ МО ВОБАСТА АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо мақсади ободу зебо гардонидан ва истироҳату фароғати шаҳрвандони шаҳр дар боғи фарҳангии шаҳр ба шанбегии умумишаҳрӣ баромаданд.

БОЗДИД АЗ РАФТИ ҲУҶҶАТГУЗОРИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

КӮШОНИЁН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳнатобод” дидан намуданд.

ИДОМАИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ

КӮШОНИЁН. Варзиш беҳтарин воситаи муаррифӣ намудани давлату миллат, саҳнаи нангу номус ва таъмини тарзи ҳаёти солим мебошад, ба ин хотир ва барои  дарёфти Ҷоми ҲХДТ, бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври маҳаллӣ (байни деҳаҳо)- и ноҳия мусобиқаи Футбол имрӯзҳо бо маром идома дошта, бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар варзишгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақа

МУСОБИҚАИ “ФУТБОЛ” БАЙНИ ҶАВОНОН

КӮШОНИЁН. Тибқи Низомнома, оид ба баргузории мусобиқаи Футбол барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври маҳаллӣ (байни деҳаҳо)- и ноҳия мусобиқаи Футбол имрӯзҳо бо маром идома дошта, дар варзишгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 - и ноҳияи Кӯшониён, бо иштироки кормандони масъули ҳизб, байни деҳаҳои

ТАҚВИЯТИ БЕШТАРИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ҶИҲАТИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС

ҚУБОДИЁН.  Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, ҷомеаро ба ташвиш овардааст,  масъулини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаҳои ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда истодаанд.

ИСТИҚБОЛ АЗ 30-СОЛИ ИСТИҚЛОЛ

АНДЕША. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНҲОИ ҲИЗБӢ ДАР МАҲАЛ

ДӮСТӢ.  Дар доираи озмунҳои ҳизбӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатииҶумҳурии Тоҷикистон, дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаву маҳаллаҳо, озмуни ҳизбӣ таҳти унвони “Хона ва деҳаи беҳтарин” гузаронида мешавад.

ЭҲТИЁТ - НИМИ ҲАЁТ!

ВОСЕЪ.  Бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Воеъ дар ташкилоти ибтидоии “Маркази иммунопрофилактика”-и ноҳияи Восеъ бо аъзои ташкилот   корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲХДТ”

ВОСЕЪ. Ҷамъбасти даври ноҳиявии мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд миёни дастаҳои ғайрикасбии Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Восеъ барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” дар даври ниҳоии мусобиқа дастаҳои  Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Х. Раҷабов  ва Гулистон барои  ҷойи сеюм ва дастаҳои  Ҷамоатҳои деҳоти ба номи А. Рудакӣ ва М.

ЁРИИ МЕТОДӢ БА ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ВОСЕЪ. Дирӯз мудири шуъбаи омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Иботов Диловар  дар ташкилоти ибтидоии  ҳизбии  “Боғчаи №2”-и  ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ ба раиси ташкилоти ибтидои ҳизбӣ ҷиҳати дуруст дар асоси Роҳнамо тартиб додани ҳуҷҷатгузории ташкилот ёрии методӣ расониданд.

ТАНЗИМ БАРАКАТИ ЗИНДАГИСТ

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заминсоз” вохӯрии ҳизбӣ бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар доир шуд. Дар маҷлиси мазкур масъалаҳои муҳими дохилиҳизбӣ муҳокима шуданд.

ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ЗАМИНРО МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕБАРАНД

БОХТАР. Дирӯз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло ҳамроҳии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Файзализода Содиқ, узви Кумитаи иҷоияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ғафурзода Музаффар  аз заминҳои кишти дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Силшинос” шинос шуданд.

АЗ КОРОНАВИРУС ХУДРО МУҲОФИЗАТ НАМО!

Ҷ.БАЛХӢ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус СOVID-19 миёни сокинон бо усули “хона ба хона” ва «кӯча ба кӯча» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қодир Зоидов»-и Ҷамоати деҳоти Навоӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, оид ба аз нав хуруҷ ёфтани бемории сироятии коронавирус, бе ниқоби муҳофизатӣ гаштугузор накардан мулоқот доир намудан

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg