БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲХДТ”

ВОСЕЪ. Ҷамъбасти даври ноҳиявии мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд миёни дастаҳои ғайрикасбии Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Восеъ барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” дар даври ниҳоии мусобиқа дастаҳои  Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Х. Раҷабов  ва Гулистон барои  ҷойи сеюм ва дастаҳои  Ҷамоатҳои деҳоти ба номи А. Рудакӣ ва М. Васов  ноҳияи Восеъ  барои ҷойи якум ва дуюм бо ҳам омада, ғолибияти ҷойи якум насиби дастаи ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов, ҷойи дуюм насиби дастаи Ҷамоати деҳоти ба номи А. Рӯдакӣ ва ҷойи сеюми насиби ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабов  гардид.

Ғолибон бо ифтихорнома, Ҷом  ва маблағҳои пулӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ қадрдонӣ гардида, ғолиби ҷойи якум ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт.

Мақсад аз багузор кардани чунин мусобиқаҳо  ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти чеҳраҳои нави соҳаи футбол, инчунин рушд намудани футбол дар сатҳи маҳал мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg