БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБӢ БАХШИДА ҶАШНИ 30- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” баҳри истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Тозагии муҳит » бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳандозӣ гардид.

Дар аксияи мазкур зиёда аз 15 нафар ихтиёриён ва аъзои фаъоли ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” иштирок намуда, ду тарафи роҳи асосии байни шаҳраки Дӯстӣ, назди биноҳои Раёсати молия ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияро  аз ҳаргуна партовҳо ва алафҳои худрӯй тоза карданд. Ин иқдомҳо то рӯзи ҷашн идома хоҳанд ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg