ҶАЙҲУН. Баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Преиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва бо иқдоми ташкилоти ибтидоии “Куҳдоман” зиёда 8,2 километр кӯчаҳои деҳаи “Кӯҳдоман”-и Ҷамоати деҳоти Панҷ сангфарш карда шуд.
Аксарияти корҳои ободонӣ бо иқдоми созандаи ташкилоти ибтидоии болозикр ва бо саҳми бевоситаи соҳибкорону аҳолии деҳа сурат гирифта, бо роҳбарии раиси деҳа ва дигар фаъолон дар якҷоягӣ бо тариқи ҳашари дастаҷамъона ба анҷом расонида шуданд. Ин аз дӯстию ҳамбастагӣ ва ободкории мардум гувоҳӣ медиҳад.
Сокинони деҳаи Кӯҳдоман шоҳиди боз як ободкорӣ шуда, аз ин амали нек ва хайру савоб шод гардиданд, зеро то ин вақт ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои байни ин деҳа кас пур аз чангу ғубор мегашт. Хурду бузурги ин кӯчаҳо ҳангоми дидани ин амали хайру савоб бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, дар тахту ҳамвор кардани роҳ кумаки хешро содиқона расониданд.