БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚБОЛ АЗ 30-СОЛИ ИСТИҚЛОЛ

АНДЕША. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Дар зарфи 30- соли Истиқлолияти давлатӣ мардуми сарбаланди Ҷумурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

Волотарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони навин соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ мебошад. Хушбахтона ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо Тоҷикистон, 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро расман қабул намуд, ки имсол 30 солагии ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тӯли 30-соли Истиқлолияти давлатдории худ, бо кӯшишу талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо матонату матиниродагии мардуми сарбаланди кишвар ободу зебо гардида, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо намудааст. Ба як қатор дастовардҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ ноил гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2-юми марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид гардида, то ба ҳол бо мамлакаҳои ҷаҳон равобити дӯстӣ дошта, дар арсаи ҷаҳони сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром ва тарафдорӣ менамояд.

Аз ин рӯ мо шаҳрвандонро зарур аст, ки  дар пойдории давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ки барои ҳар яки мо шароити  зиндагии арзанда  ва  инкишофи озодонаро  фароҳам овардааст,   муттаҳид гардида, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пуршарафи ҷавонмардии худро худро сарбаландона адо намуда, муҳофизгари арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои 30-соли даврони соҳибистиқлолии кишвари хеш бошем.

Ҳамдиёрони азиз, ҷавонони саодатманди даврони соҳибистиқлолии кишвар биёед ба қадри тинҷию оромӣ, сулҳу суботи комили Ватани азизамон бирасему баҳри пешрафту шукуфоӣ, якпорчагии ин кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Бо ҳамин нияту орзуҳои нек аз самими қалби ҷавониям ҳамаи Шуморо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба тамоми ҷавонони бонангу номуси кишвар ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон сулҳу ваҳдати комил, бахту иқболи баланд ва азму иродаи устувору қавӣ орзу менамоям.

Моро зарур аст, ки минбаъд низ баҳри бедор намудани  ҳисси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои он, пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи ҳомии сулҳу субот, Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон ва шинохти Пешвои миллат ҳамчун падидаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ ва кафили рушди босуботи ҷомеаи Тоҷикистон фаъолияти хубу назаррас намоем.

Сафарзода Гулистон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхонаи вилоят”, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg