БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАРЗИШ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ

НОРАК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  дар асоси Низомномаи баргузории мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” байни дастаҳои футболи ғайри касбии шаҳру ноҳияҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бахшида ба 30 – солагии Истиҷлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, байни дастаҳои футболи  ғайри касбии деҳаю  маҳаллаҳои  шаҳри Норак  мусобиқаи футбол аз  16.07.2021. то 05.08.2021 гузаронид. Дастаҳои Электрон  ва Дӯконӣ  ба бозии финалӣ  роҳ ёфтанд. Дар натиҷа  дастаи Электрон ба дастаи  Дӯконӣ бо ҳисоби 3:2 ғолибиятро ба даст овард.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр  Гулмуродзода Қумриниссо баромад намуда,  варзишгаронро барои  ғолибият  шодбошӣ намуд. Инчунин, ба дастаҳо ва бозингарон Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр,   туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Дастаи ғолиб бо “Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр” сарфароз гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg