НОРАК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар асоси Низомномаи баргузории мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” байни дастаҳои футболи ғайри касбии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 – солагии Истиҷлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни дастаҳои футболи ғайри касбии деҳаю маҳаллаҳои шаҳри Норак мусобиқаи футбол аз 16.07.2021. то 05.08.2021 гузаронид. Дастаҳои Электрон ва Дӯконӣ ба бозии финалӣ роҳ ёфтанд. Дар натиҷа дастаи Электрон ба дастаи Дӯконӣ бо ҳисоби 3:2 ғолибиятро ба даст овард.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Гулмуродзода Қумриниссо баромад намуда, варзишгаронро барои ғолибият шодбошӣ намуд. Инчунин, ба дастаҳо ва бозингарон Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Дастаи ғолиб бо “Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр” сарфароз гардонида шуд.