ҚУБОДИЁН. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, ҷомеаро ба ташвиш овардааст, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаҳои ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда истодаанд.
Дар вохӯрии мазкур кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо аҳолии маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти И Ниёзов ноҳияи Қубодиён дар бораи роҳҳои гузариши бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ва роҳҳои пешгирӣ аз он маълумот доданд.
Дар рафти вохӯрӣ диққати асосӣ ба пешгирӣ намудани беморӣ, яъне риоя намудани гигиенаи шахсӣ таваҷуҳ зоҳир гардида, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои тозагии хонаву таҷҳизотҳои он ва маҳал қатъиян риоя карда шавад.
Ҳамчунин барои бештар маълумот пайдо намудани бемории коронавирус ба сокинон маводҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд.