БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАВРИ НИҲОИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, даври ниҳоии мусобиқаи футболи хурд, барои дарёфти "Ҷоми ҲХДТ" байни дастаҳои "Марказ" ва "Рӯдакӣ" баргузор карда шуд. Дар натиҷа дастаи "Марказ" ба дастаи "Рӯдакӣ" ғолиб омада, сазовори ҷойи якум гардид. Ҳамин тариқ дастаи "Рӯдакӣ" сазовори ҷойи дуюм ва дастаи "Ҳ.Маҳрам" соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Дар анҷоми мусобиқа аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, барои иштироки фаъолашон изҳори миннатдорӣ карда шуда, дар поёни вохӯрӣ, ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ бо Ҷом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg