БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНЗИМ БАРАКАТИ ЗИНДАГИСТ

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заминсоз” вохӯрии ҳизбӣ бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар доир шуд. Дар маҷлиси мазкур масъалаҳои муҳими дохилиҳизбӣ муҳокима шуданд. Аз ҷумла, ба аъзои ҳизб доир ба таърихи таъсисёбии ҳизб, фаъолияти имрӯзаи ҲХДТ, талаботи Оиннома ва Низомномаи ҲХДТ, барномаҳои пешазинтихоботии ҳизб ва амалӣ намудани онҳо, уҳдадориҳои узви ҳизб, талабот барои узви ҲХДТ, талаботҳои ҳангоми боздошт, қатъ ва хориҷ намудани аъзогӣ дар ҲХДТ, ҳангоми  қабул ба сафи ҲХДТ, ҳаракати аъзои ҲХДТ ва ғайра маълумоти муафассал дод.

Дар идома қайд гардид, боиси хушбахтии миллати тоҷик аст, ки тайи  даҳ соли охир Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул ва роҳандозӣ гардида, ба дуруст сафарбар  кардани амалҳои хайру сахо мусоидат намуд ва мардум, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон аллакай ба дарки он расидаанд, ки саховатмандӣ ва анҷоми кори нек аз ташкили маъракаҳои пурдабдабаву серхарҷ ва ифроту тафритҳои хурофотӣ иборат нест.

Аллакай дар доираи қонун меъёрҳо барои баргузории  чорабинӣ ва ҷашну маросим муайян шудаанд, ки ҳизбиён таҷрибаи тарғибу ташвиқи васеи онро доранд. Ҳамзамон набояд аз хотир дур созем, ки хайру сахо низ  ҳамон вақт муносиб аст, ки ба он худи хайркунанда муҳтоҷ набошад.

Дар робита ба масъалаҳои дар боло зикршуда аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро зарур аст бо ҷалби оммаи васеи мардум корҳои зиёдеро ба анҷом расонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg