КӮШОНИЁН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳнатобод” дидан намуданд.
Зимни боздид, намояндагони ҳизбӣ бо раванди ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр шинос шуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуданд, ки тартиби бақайдгирии узви ҳизб мувофиқи “Низомнома оид ба тартиби бақайдгириии узви ҲХДТ” ба роҳ монда шавад ва ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилот тибқи Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.