БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИ МО РАМЗИ ГӮЁИ ОЗОДӢ

АНДЕША. Ҳарчанд истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он то умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасад ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб мегардад. Истиқлоли мо рамзи гӯёи озодии миллату мамлакат ва соҳибихтиёри давлат аст.

Агар саҳифаҳои таърихро варақгардон намоему назаре ба солҳои 90-ум андозем, ба воқеоти талхе рӯ ба рӯ хоҳем гашт. Дар он давраи мудҳиш миллати моро зулму ситам, ҷангу фитна, нофаҳмоиҳои байниҳамӣ фаро гирифта буд. Қариб як миллион нафар сарзамини аҷдодии худро тарк намуда, гуреза шуданд.

Барои аз чунин ҳолат раҳонидани миллати тоҷик он замон абармардоне  хизматҳои шоиста анҷом доданд. Пеш аз ҳама Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аввалин нафаре буд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои бунёди давлати тоҷикон корнамоиҳои беназиреро нишон доданд.

Имсол истиқлоли мо 30-сола мешавад, 30 сол мешавад, ки дар кишвари озоди мо офтоби истиқлол парафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ ниятҳои бунёдкорона, манзилу маъвои моро ва имрӯзу фардоямонро мунаввар менамояд.

Мо дар муддати 30 соли соҳибистиқлолӣ тавонистем, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешравии устувори миллатамонро таъмин созем, мақоми онро дар арсаи байналмиллалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон равона созем.

Ҳусейнов Умед, мутахассиси шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg