АНДЕША. Таърих гувоҳ аст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст. Таърихи саршор аз лаҳзаҳои пирӯзӣ, барои ташаккули тафаккури милливу ривоҷу равнақи давлатдорӣ, илму фарҳанг ва гулгун аз хуни мардони муборизу фидокор аст. Аммо пӯшида нест, ки солҳои тӯлонӣ мо аз омӯзиши мероси таърихии халқи худ як андоза дур мондем. Шояд як сабаби аз асли хеш каме дур мондан ва паст рафтани маънавият, суст гардидани ахлоқи ҷомеаи мо гардида буд, ки бо дастгирӣ ва сиёсати таърихҷӯёна, амали басо ватандӯстонаву миллатпарастона аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навинашон ба Маҷлиси Олӣ дастур доданд, то китоби «Тоҷикон» барои шинохти асолати миллӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим кард. Акнун ин шоҳасар узви ҳар як хонадони кишвар ва зиёбахши дилу дидаҳо мегардад. Дар маърӯзаи худ қайд карданд, ки китоби “ Точикон “-и Бобочон Ғафуров дар бораи таърихи гузаштаи халки тоҷик маълумот дода шудааст. Ин туҳфаи бебаҳои Пешвои миллат дар айни замон имрӯза бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гӯш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ бори дигар воқиф шавем. Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Сарнавишти миллати тоҷик дар тӯли асрҳо баробари дигар мардуми эронинажод басо печида ва пуршебу фароз аст.
Бобоҷон Ғафуров солҳои басо мушкил ба тадқиқ ва таълифи китобе аз таърихи халқи тоҷик шурӯъ намуд. Ковишу ҷустуҷӯйҳои пайвастаи ӯ дар ин роҳ самараи дилхоҳ доданд. Ва нахустин асари илмии Бобоҷон Ғафуров «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» панҷоҳ сол муқаддам - соли 1947 аз чоп баромад. Вай чун фарзанди дилсӯзи миллат баробари фаъолияти давлатдориву сиёсӣ ин корро ба анҷом расонд ва барои ҳамзабонону ҳаммиллатонаш равзанае кушод аз олами таърих. Ин таҷрибаи аввалини таърихнависии тоҷик дар замони шӯравӣ буд ва онро муҳаққиқони намоён, шарқшиносони машҳури дунё хуш пазируфтанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухан ба китоби «Тоҷикон» (нашри тоҷикии соли 1998), аз ҷумла, навиштаанд: «Хонандаи тоҷик тавассути «Тоҷикон» аз мақоми худшиносӣ ба омӯхтани таърихи гузаштаи худ рӯ овард. Ва ба саволҳои зиёди «Аҷдоди мо киҳо буданд?», Аз куҷо ба зиндагӣ шурӯъ карданд? Чи тавр давлат сохтанду давлатдорӣ карданд? Бо чӣ роҳу дастуре ба арсаи илму адабиёти оламшумул пой гузоштанд? Дар таърихи башарият чӣ мақому поя доранд?» посухи дақиқ ва муфассал ёфтанд». Воқеан ҳам, ин шоҳасар маълумоти фаровонеро дар бар менигарад ва равзанаи вусъатмандест ба олами пуршебу фарози таърихи ғановатманди халқи бостонгуҳари тоҷик. Он ба дараҷае пурмуҳтавою фарогир аст, ки дар ситоишаш муҳаққиқони варзида суханҳои баланд гуфта, аз ҷумла, «Шиносномаи таърих ва тамаддуни миллати тоҷик» номидаанд.
Мо ҷавонони даврони истиқлолиятро зарур аст, ки аз таърихи аҷдодони худ бохабар гашта, сазовори боварии Пешвои миллат бошем.
Самиев Муртазо, муовини раиси Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар шахри Левакант