ДӮСТӢ. Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ таъмири ҷории мактабҳо хуб ҷараён дошта, маорифчиёни ноҳия азм доранд то оғози соли нави таҳсил бино ва синфхонаҳои муассисаҳои таълимиро пурра аз таъмир бароранд.
Бо ташаббуси маъмурият ва саҳми Кумитаи падару модарон корҳои таъмирӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 низ бо маром идома дошта муассисаи таълимии мазкур дар рӯзҳои наздик, яъне дар соли нави хониш дари худро ба рӯи толибилмон боз хоҳад кард.